Эълони солҳои мавзуӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як анъанаи муқарраршудаи сиёсие мебошад, ки ҳар сол дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва эълон гардидани солҳои мавзӯӣ дар чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 69-и Конститутсия) сурат мегирад.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мафҳумҳои муҳимми иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошанд, ки дар ташаккули шахсият, ҷомеа ва давлат нақши калидӣ доранд.
Худшиносӣ — ин дарки инсон аз худ, яъне фаҳмидани шахсияти худ, қобилияту истеъдодҳо, нуқсону бартариҳо, мақсад ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Худогоҳии миллӣ — дарки инсон аз мансубият ба як миллат, шинохти таърих ва сарнавишти миллӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳо, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ мебошад.
Худшиносӣ ҳамчун омили муҳими муайян кардани шахсият ба натиҷаҳои зерин ноил мегардад: шахс масъулиятшинос мешавад; қарорҳои огоҳона қабул мекунад; ба худ ва дигарон эҳтиром мегузорад ва рушди ахлоқию маънавӣ меёбад.
Ба ибораи дигар, худшиносӣ пояи камолоти шахсият мебошад.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, заминаи муҳим ва мустаҳками қонунгузориро доро мебошад.
Чунончӣ, ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли 2026 барои мардуми шарафманди Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми азизи мо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба асосҳои конститутсионӣ такя намуда, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонро дар чаҳорчӯбаи боби 2-и Конститутсия (моддаҳои 14-47) тафсир менамояд.
Даъват ба ободонӣ ва тозакорӣ барои дар амал татбиқ шудани муқаррароти моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳими ба ҳисоб меравад. Зеро, тибқи талаботи он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Мафҳуми худшиносии миллӣ, ки дар эълони соли 2026 ҳамчун унсури калидӣ зикр шудааст, ҳамчун шинохти аҷдодон, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ташаккули ғурури миллӣ муайян мешавад. Таҳкими худогоҳии миллӣ тавассути омӯзиши мероси ниёгон ба мо мушарраф мешавад ва аз моддаи 40-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад. Худшиносӣ ва худогоҳии мо аз ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон, омухтани илмҳои гуногун, обод намудани кишвар, сохта ба истифода додани биноҳои таърихию фарҳангию фароғатӣ, муарифии асарҳои бузургон оғоз мегардад. Аз ин рӯ, омӯхтан ва ба дигарон омӯзондани ҳама паҳлуҳои зиндагиномаи аҷдодонамон, пос доштани муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як ватандӯст аст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат яке аз роҳҳои амалишавии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ муқаррар гардидааст. Зеро, Пешвои муаззами миллат, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаззаф намуданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ тадбирҳои заруриро андешанд.
Аз таъкидҳои мазкури Пешвои маҳбуби миллат маълум мегардад, ки тарбияи дурусти фарзандон, риояи расму оин ва суннату анъанаҳои миллатӣ, сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ роҳҳои муҳимтарини худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Хулоса, эълони соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026» аз 17 декабри соли 2025, №1102 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи фарҳанг» асос ёфта, дорои ду ҳадафи муҳими миллӣ мебошад: вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дар асоси мероси таърихӣ ва фарҳангии ниёгон.
Дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои Пешвои муаззами миллат, дар ин самт барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад, зеро ба сарҷамъона заҳмат кашидан барои ободӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ моро даъват менамояд. Он ба ташаккули ғурури миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва созандагӣ мусоидат намуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии таъсироти манфиро таъмин мекунад.
Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд