Вохӯрии судманд бо сокинон ва кормандони Ҷамоати деҳоти Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан

Posted by

Санаи 12-уми январи соли 2026 аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Мухитдинова М.Х. дар бинои Ҷамоати деҳоти Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан бо сокинон ва кормандони ҷамоати мазкур суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин суҳбату вохӯрӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ҳамзамон оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи қувваи барқ мулоқот анҷом дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуда,  ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.