Тартиби таъсис додани хоҷагии деҳконӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси шахси ҳуқуқиро айни замон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» пурра танзим намудааст. Қонуни мазкур аз 15 марти соли 2016 мавриди амал қарор дошта, аз 9 боб ва 39 модда иборат буда, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 1 Қонуни мазкур, хоҷагии деҳқонӣ – субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст, мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он дар моддаи 3-и қонун муқаррар гардидааст, ки тибқи он ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ танҳо шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд.
Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурӯҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
– бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;
– бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.
Ҳоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.
Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ намояд.
Маврид ба ёдоварист, ки новатсия дар қонуни мазкур нисбат ба қонуни қаблӣ ин маҳдуд кардани теъдоди аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ то 50 нафар аъзоён мебошад. Тибқи муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», таҳрири соли 2009 бошад, хоҷагии деҳқонӣ бо шумораи бемаҳдуди аъзоён метавонист фаъолияташро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ роҳандозӣ намояд.
Тибқи моддаи 4 Қонуни амалкунандаи номбурда, узвият дар хоҷагии деҳқонӣ бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешавад: – нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурўҳи шахсони воқеӣ оид ба фаъолияти якҷоя ба имзорасонидашуда нишон додани ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он (ба истиснои хоҷагии деҳқонии иборат аз як шахс);
– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани ҳуқуқи ҳар як муассис дар ташаккулёбии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (агар қитъаи замини истифодашаванда ба иҷора гирифта нашуда бошад), ҳамчунин дигар дороиҳо (саҳми молу мулкӣ) дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.
Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти муқаррарнамудани моддаи 7 Қонуни мазкур, нишон дода мешавад.
Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва шартномаи фаъолияти якҷоя тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, иқтибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як моҳ ба ҷамоати деҳот (шаҳрак), мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.
Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд – дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти муқаррарнамудани моддаи 11 Қонуни мазкур, нишон дода мешавад.
Хусусиятҳои ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Дар маҷмуъ, тартиби ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», Қоидаҳои ҷудо намудани замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (№342) ва Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ (№1775) амалӣ карда мешаванд.
Қобили қайд аст, ки мувофиқи қисми 1-2 моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доранд, судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд баррасӣ ва ҳал менамоянд.
Моддаи 24 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Фаъолияти соҳибкории шахсони воқеӣ” ном дошта, он чунин муқаррар намудааст, “1. Шахсони воқеӣ метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, агар қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад. Тартиби бақайдгирии шахсони воқеие, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
2. Нисбати фаъолияти соҳибкории шахсони воқеӣ, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ мегардад, мутобиқан қоидаҳои ҳамин Кодекс, ки фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратиро танзим менамоянд, татбиқ мегарданд, агар аз қонунгузорӣ ё моҳияти муносибати ҳуқуқӣ тартиби дигар барнаояд.
3. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо вайрон намудани қисми 1 моддаи мазкур амалӣ менамоянд, ҳуқуқ надоранд нисбат ба аҳди бастаашон истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Суд нисбат ба чунин аҳд қоидаҳои ҳамин Кодексро оид ба уҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ менамояд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро ташкил намоянд.”
Аз ҳолатҳои мазкур гуфтан мумкин аст, ки шахсони воқеии фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе бақайдгирии давлатӣ амалӣ менамоянд, ҳуқуқ надоранд нисбат ба аҳди бастаашон истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Дар чунин ҳолат суд уҳдадор аст, ки нисбат ба он уҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намояд.
Дар ин радиф як чизро бояд ба назар гирифт, ки қонунгузор фаъолияти соҳибкорӣ мегӯяд, дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тобеияти идоравӣ фаъолияти соҳибкорӣ инъикос ёфтааст.
Мувофиқи м. 1. ҚҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз 26 июли соли 2014, №1107 «Соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи аз рўи таваккали худ амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррар кардаи қонунгузории ҶТ бақайдгирифташудае, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурўши мол (иҷрои кор ё расонидани хизмат) равона шудааст. Субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд».
Дар маҷмуъ, дар раванди баррасии парванда бо даъвои саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, бояд гуфт ки новобаста ба он ки саҳмдорони хоҷагӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ҳамчун соҳибкорӣ инфиродӣ надоранд, вале баҳсӣ онҳо ба тобеияти идоравии суди иқтисодӣ дохил мебошад.
Илова ба ин, тибқи муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ дар ҳар ҳолат ҳангоми мавҷуд будани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ, баҳс, ба судҳои иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доранд. Вале новобаста ба ҳолати мазкур зимни пешниҳоди аризаҳо ва дар раванди баррасии парванда, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки даъвои аъзоён ва худи хоҷагиҳо аз ҷониби судҳои умумӣ баррасӣ карда шудааст ва онҳо баъдан дар натиҷа, бо ариза дар бораи ҳолати нав, санадҳои марҳилаи кассатсионӣ, назоратӣ ва ё Қарори Раёсати Суди Олӣ бекор карда шудаанд. Вобаста ба ин ҳолат мисолҳои мушаххас мавҷуданд. Бояд гуфт, ки бо чунин ҳолат танҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои аризадиҳандагон, инчунин баррасии саривақтию холисонаи парвандаҳо вайрон мешаванд.
Оид ба масъалаи таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ омӯзиши парвандаҳо нишон дод, ки дар давоми соли 2024-2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд парвандаҳои иқтисодии аз рӯи аризаҳои саҳмдорони хоҷагӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баррасӣ гардида, асосан даъвоҳо:
– оид ба беэътибор донистани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо;
– оид ба мавриди баҳс қарор додани амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи идораи замин, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
– баҳсҳо оид ба беэътибор донистани протокол ва қарорҳои қабулкардаи маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ;
– баҳсҳо дар бораи бартараф намудани монеагии ҳуқуқи истифодаи заминро ташкил додаанд.
Дар таҷрибаи Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиати саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ аксаран нисбати кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо вобаста ба беамалиашон, яъне дар муҳлати муқарраркардаи қонун аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замин омода накардани парвандаҳои танзими замин ва саривақт ба раисони ноҳияҳо манзур накардани пешниҳодҳо оид ба ҷудо кардани қитъаҳои замин мебошанд.
Омӯзиши парвандаҳо нишон дод, ки гарчанде баъзе аз саҳмдорон барои гирифтани қитъаи саҳми заминашон ва ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ ба раиси ноҳия (шаҳр) дархост пешниҳод карда бошанд ҳам, вале дар баъзе ҳолатҳо кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо нисбати он беамалӣ зоҳир намуда парвандаҳои танзими замини шахсони манфиатдорро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун тайёр намекунанд.
Зимни баррасии ин қабил парвандаҳо бояд дар назар дошт, ки мувофиқи талаботи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)”, аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз ризояти аъзои дигари хоҷагии деҳқонӣ, баъд аз анҷом ёфтани соли кишоварзӣ аз ҳайати он бо саҳми замини худ бароянд ва хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис диҳанд.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомализода Навруз