Ҳамкасбон ва собиқадорони мақомоти судӣ! Шуморо ба муносибати иди касбӣ “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” самимона табрик гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф комёбиҳоро таманно дорам.
Шарафманд аз онем, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқуи озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад. Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст.
Вазифаи ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Бо чунин эътимоди бузург бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.