Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем!

Posted by

Асри ХХ ба таърих чун асри пурфоҷиа ва зиддиятнок ворид гардидааст. Дар мисоли таърихи Тоҷикистон ин ба як тезутундии ба худ хос зоҳир гардида, ҷумҳуриро дар маркази дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ қарор дод. Дар чунин давраҳои мушкил дар маънавиёт, фарҳанг, сиёсат ва руҳияи омма ба вуҷуд омадани душвориҳо хос аст. Ҳамин гуна давраҳо дар таърихи Ватани мо хеле зиёд буданд. Яке аз онҳо ба аввалҳои асри ХХ рост меояд, ки кишвари мо ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ дохил карда шуда буд. Дигараш замони пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ қаламдод мешавад.

Ба ин минвол, ҳар як давраи таърихӣ хусусиятҳои хосеро доро буда, нақши муайяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, нисбат ба истиқлолияти сиёсӣ андешаҳои ҷолиби диққат баён намудаанд.

Ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба мо имкон дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша карда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷў ва дарёфт намоем. Аз ин рў, мо бояд дар бунёди давлати соҳибистиқлол ба ифодаи иродаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем, то битавонем ҷомеаро ба пояи баланди рушди «иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ бардорем», бахусус, дар ин марҳилаи тақдирсозе, ки тарбияи худшиносии миллӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҳамин заруратро Роҳбари давлат дар мулоқоту вохўриҳояшон бо кормандони соҳаи маориф, зиёиён, ҷавонон ва дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид карда, зарурати пурзўр намудани нақши маорифу илмро дар ҳаёти ҷамъиятӣ махсус таъкид месозанд. Дар баробари ин боз таҳдиди нави буҳрони ҷаҳонӣ низ таъсири манфии худро ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ расонида истодааст.

Аз ин бармеояд, ки ба истиқлоли комил мушарраф гардидани мо хусусияти хос дошта, ба низоми муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Бинобар ин, дарки пурраи истиқлолияти сиёсӣ ва шинохти давлати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд ва сиёсатмадорони касбии Тоҷикистон хусусияти хос гирифта, ба раванди истиқлолият тарҳи нав ҷорӣ намуд. Дар ин раванд нақши идеологияи сиёсӣ афзун гашт, чунки таҷрибаи сиёсӣ, фаъолияти институтҳои сиёсӣ ва мубориза барои механизми нави давлатӣ дар мадди аввал баромад.

Мафҳуми «истиқлолият» (шакли ғарбии истифодаи он «суверенитет» мебошад, ки аз забонҳои лотинӣ ва фаронсавӣ гирифта шудааст) маънои «ҳокимияти олӣ»-ро дорад. Маълум аст, ки мафҳуми «истиқлол» дар забони мо аз калимаи арабӣ омада, маънояш – мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои коре, мустақилӣ ва соҳибихтиёрӣ аст. Аз ин рў, замоне ки мо ин вожаро мавриди истифода қарор медиҳем, пеши назарамон мафҳумҳои гуногуни дигаре, ки ба вожаи «миллат» вобастагӣ доранд, меоянд. Ба монанди «худшиносии миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «огоҳии миллӣ», «амнияти миллӣ» ва монанди инҳо. Зеро ин ду мафҳум бо ҳамдигар алоқамандии зич дошта, дар рушду инкишофи давлату миллатҳо нақши муҳим мебозанд.

Истиқлолият навъҳои гуногунро дорост. Аммо истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ бештар муҳиманд. Баъзан истиқлолияти сиёсӣ ва давлатиро як мешуморанд, ки ин хатост. Мафҳуми «истиқлолияти сиёсӣ» нисбат ба мафҳуми «истиқлолияти давлатӣ» васеътар буда, ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеаро фаро мегирад. Аз ҷумла, он истиқлолияти давлатиро низ дар бар мегирад. Яъне, истиқлолияти давлатӣ яке аз шаклҳои асосии зуҳури истиқлолияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти сиёсӣ муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандро таҳлил намуда, шарти тартиботро ошкор месозад. Асоси истиқлолияти сиёсиро масъалаи кӣ қудрати қабули қонунҳо, муайян намудани тартибот ё тағйири онҳоро дорад, ташкил менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ ду вижагии хос дорад: а) дохилӣ ва б) берунӣ.

Истиқлолияти дохилии давлат ҳолатест, ки ҳокимияти олӣ ва бемаҳдуди давлат нисбати ҳамаи субъектҳо эътироф карда мешавад. Дар сурати низоми мавҷудаи корҳои давлатиро риоя накардан ё амалҳои мухолифи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ихтиёр намудани ҳар гуна субъектҳои сиёсат, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи комил доранд, ки тамоми воситаҳои таъсиррасонӣ ва ҳатто фишороварию зўроварии қонуниро истифода намуда, риояи низоми сиёсию ҳуқуқиро таъмин намоянд.

Хосияти берунии истиқлолият маънои ҳокимияти олии давлатро эътироф ва эҳтиром намудани давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, давлатҳои калон ва ҳамсоякишварҳоро дорад.

Пеш аз ҳама, барои истиқлолияти бадастомада мо бояд паҳлуҳои асосии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоем, то ин ки онҳо аз мадди назари шаҳрвандон дар канор намонанд. Инҳо идеология, сиёсат, психологияи шахс ва ҷомеа, масъалаҳои ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, ба даст овардану ҳимоя кардани ваҳдати ҷомеа, ривоҷи фаъолияти бунёдкорона, эҳёи маънавӣ ва таъмини ҳуқуқҳои баробари ҳамаи шаҳрвандони дар ҳудуди Тоҷикистон маскунбуда мебошанд.

Дар ин замина, Истиқлолият дар таърихи ҳокимияти судии мамлакат низ саҳифаи нав кушод. Соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки миллати тамаддунофари тоҷик самтҳои гуногуни хоҷагии халқи худро тараққӣ диҳад. Баробари мустақил шудан, Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озодро пеш гирифт. Табиист ки дар чунин сохти давлатдорӣ мақому манзалати шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ў дар ҷойи аввал меистад. Аз ин лиҳоз, барои ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ мустақилу беғараз будани мақомоти судӣ нақши асосиро мебозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барҳақ таъкид кардаанд, ки:

«Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад».

Суяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                        Давлатзода Толиб Шариф