Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025

Posted by

07 августи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Туйчизода Т., роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди вилояти Суғд намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти суди вилоят дар нимсолаи якуми соли 2025 маълумоти мухтасари муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т. манзур гардид. Доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нисолаи якуми соли 2025 маълумоти раиси суд Мирзозода П.Т. пешниҳод гардид.

Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилоят ва Суди вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.