ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

Posted by

Солҳои навадум, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карданд, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист.

Бо майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ мондани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин музокиротро оғоз карданд. Раванди гуфтушунид зиёда аз чор солро (аз апрели соли 1994 то охири июни соли1997) дар бар гирифт. Ин роҳ хеле печ дар печ ва ниҳоят душвор буд. Гуфтушунидҳо ҳашт давра ва ҳаждаҳ вохӯриро дар бар гирифтанд ва дар зери назорати СММ мегузашт. Дар гуфтушунид мамлакатҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нақши мушоҳидонро иҷро менамуданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шуд. Аз ин рӯ, санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХVІ-уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳ як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамон ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргаштанд,  Ҳукумати кишварамон онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин карда, онҳоро ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ сафарбар намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “Ваҳдат ниҳоли ширини парваришкардаи мо мебошад, ки ҷомеа аз он баҳравар гардид ва халқи азиаткашидаи тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки теша ба решаи ниҳоли сабзкардаи мо бо номи Ваҳдат расад”.

Нақш ва таъсири Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба вуҷуд овардани андешаҳои ваҳдатсаро ва роҳи ба эътидол овардани кишвар бузург аст. Маҳз ташкили бозгашти фирориёни тоҷик аз кишварҳои дуру наздик нуфузи сиёсии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бурда, лаёқати ташкилотчигӣ, ҷасорату нотарсии ўро дар ҷаҳониён муаррифӣ сохт.

Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳванди минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Оҳангсози олмонӣ Рихард Вагнер сулҳу суботро вазифаи пиру барно дониста таъкид мекунад, ки “Ҳадафи бевоситаи давлат субот ва ноил шудан ба сулҳ аст”.

Муншии Созмони Миллали муттаҳид Кофи Аннан чунин ақида дошт, ки “Тоҷикистон бо бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа шудани ихтилофоти дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ин саҳми муҳими Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳофаринист”.

Владимир Путин – Президенти Росия дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон татбиқи ислоҳот ва раванди демократиро дар кишвар чунин арзёбӣ мекунад  “Он чи дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат аст, махсусан Созишномаи сулҳ”.

Дар ҳар давру замон фарзандони фарзона сулҳро барои халқу давлати худ пойдор нигоҳ дошта, онро ба тафаккури аҳли ҷомеа ҷой карда тавонистаанд. Дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ ва дар замони мо поягузори давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои бузург ҳастанд, ки сулҳу ваҳдатро дар давлатамон пойдору барқарор нигоҳ дошта тавонистанд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                   Мирзозода П.Т.