Файзи муҳаббат мерасад аз ҳар канорат, эй Ватан!

Posted by

Мардуми Тоҷикистон яке аз рӯзҳои таърихӣ – Иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миллати мо ба марҳилаи нави инкишофи давлатдории нав қадам ниҳод. Ваҳдат ба мардуми тоҷик оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имкон пайдо гардид, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад ва тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба пешравӣ оранд. Гузашта аз ин, ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми тоҷик боис ба он шуд, ки шаъну эътибор ва мақому манзалати ҷумҳурии дар он давра тоза истиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад. Маҳз ҳунари сулҳофарии миллати тоҷик то кунун мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Бо шарофати ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба ҳам омаданд. Пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии тоҷикон таҳким ёфта, халқамон бо имони комил ва иродаи матин таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати навин оғоз кард. Воқеан, ин санади сарнавиштсоз аз хиради баланди мардуми тоҷик дарак дода, хавфи пароканда шудани миллатамонро аз байн бурд.

Саҳми роҳбарияти давлат, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба оштии миллӣ беназир аст. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун санаи муборак ва тақдирсоз дониста, борҳо дар суханрониҳояшон изҳор намудаанд, ки «Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад». 

Бояд зикр кард, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб дар муддати чор сол дар шаҳрҳои Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоии он, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт.

Доир ба аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир арзёбӣ мегардад, муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёд гуфтаанд, роҳбарони давлату созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро тавсиф кардаанд.

Боиси хурсандист, ки дар қатори намояндагони касбу кори гуногун хизматчиёни ҳарбӣ низ дар расидан ба ин рӯйдоди таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки сарбозону афсарон дар сафи пеши мубориза баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ватани азизамон қарор гирифта буданд.

Санаи 27 июни соли 1997. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ормони чандинсолаи миллати тоҷик ба воқеият мубаддал гардид. Метавон аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро баробар ба Эъломияи истиқлолияти ҷумҳурӣ донист. Агар яке барои миллати мо озодиву мустақилӣ оварда бошад, дигаре дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу суботро пойдор сохт. Дар як толор ҷамъ овардани саркардаҳои гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд сурат гирифт, кори саҳл набуд. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳофизати ҷойи гузаронидани ҷаласаи таърихӣ дар он рӯзҳои ноором, пеш аз ҳама ба зиммаи хизматчиёни сохторҳои қудратӣ вогузор гардида буд. Ва бояд гуфт, ки онҳо аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул баромаданд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз хуб дарк намудааст, ки тинҷию оромӣ бо чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омад. Дар расидан ба сулҳи деринтизор саҳми фарзандони далери Ватан назаррас аст.

27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯзест, ки хуршеди тобони сулҳ саросари Ватани аҷдодии моро мунаввар кард. Гармии нури Ваҳдат таскинбахши қалбҳои мо гардиду зиндагии ҳар шаҳрванди ҷумҳурии азизамонро меҳр бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқрори сулҳ бо пешниҳоду ташаббусҳои наҷибаш баҳри таъмини сулҳу субот дар минтақа, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва терроризму экстремизм тавонист мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам созад. Албатта, сарчашмаи ҳамаи ин ташаббускориҳо Ваҳдат аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи Тоҷикистон 28-солагии онро таҷлил менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо соҳиби мустақилият шудани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ тамоми ҷашну идҳои миллии мо аз нав эҳё гардиданд. Тавре маълум аст, мардуми тоҷик дорои таъриху фарҳанги бостонӣ мебошад. Бо мутафаккирони бузургу оламшумулаш тавонистааст саҳми арзандаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ абадан сабт намояд.

Дар ин радиф Иди Ваҳдати миллӣ ва баҳамоиву ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик дар арсаи олам мақоми махсус дорад. Воқеан, пас аз ҷангу ҷидол ва нобасомониҳои зиёд боз дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои муқобил рӯйдоди нодир аст. Боиси хушнудист, ки ваҳдату ҳамбастагӣ дар байни мардуми сулҳофари мо сол то сол мустаҳкам мегардад. Ва сабаби ҳамаи ин ҳам дар дуруст ба роҳ мондани усули сарварӣ ва пешбарии давлати ҷавони Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати имрӯза мебошад.

Имрӯзҳо, ки аз сулҳи пойдори мо 28 сол сипарӣ мешавад, Тоҷикистони азиз дар ин муддат дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъол намудаву макони баргузории маъракаҳои бузурги байналмилалӣ буд. Ба даст овардани сулҳу оромӣ ва минбаъд онро таҳким бахшидан боис гардид, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон дар симои мардуми тоҷик миллати сулҳофарро шинохт. Миллате, ки фарзандони диловараш қодиранд ҳар лаҳза Ватани аҷдодии худро аз вартаи нобудӣ берун бароранду мардумро ба зиндагии осоишта раҳнамун созанд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст ба даст омад.

Бинобар ин ба мо зарур аст, ки неъмати бебаҳову муқаддаси сулҳро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу гиромӣ доранд.

Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми “миллат” бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро, ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ ҳастии миллат маҳсуб меёбад.

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд