Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои манбаъҳои бойи энергетикӣ, бахусус манбаъҳои обӣ аст, ки дар рушди соҳа энрегетикаи сабз нақши муҳим доранд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани инфраструктураи энергетикии худ ва таъмини аҳолӣ бо барқ чораҳои ҳадафмандона андешида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки манбаъҳои асосии энергияи он гидроэнергетика мебошанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншоотҳои гидроэнергетикӣ вуҷуд доранд, ки барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши муассир дорад. Чунонучӣ, нерӯгоҳи барқии обии Норак, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, ба ҳисоб меравад. Бештари истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои обӣ аст, ки аҳамияти онҳо барои таъмини аҳолӣ ва рушди иқтисод муҳим мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори давлати навини Тоҷикистон мебошад бо ибтикори бевосита, оқилона ва хирадмандонаи ӯ дар кишвар бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғун сохта шуда истодааст. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки дар шарқи кишвар ҷойгир аст, дар ҳолати сохтмон қарор дорад. Он яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегӣ барои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. НБО «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр мебошад, ки дар ҷаҳон ҳамто надошта бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Гарчанде Ҳукумати мамлакат барои пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ тадбирандешӣ намуда истода бошад ҳам, вале дар ин самт мушкилотҳо ҷой доранд. Яке аз мушкилотҳои калон, ки ба рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад нодуруст истифода намудани қувваи барқ ва ё ғайри қонунӣ истифодаи он мебошад.
Бо мақсади аз байн бурдани мушкилотҳои ҷойдошта ва таъмини истифодаи оқилонаву мақсадноки неруи қувваи барқ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии барқ, меъёри нав ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷиикистон ворид карда шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 15 апрели соли 2025 қабул карда шуд, ки он қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқро муайян намуд. Ҳадаф аз таҳия ва қабули Қонуни мазкур пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он мебошад. Тибқи Қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки он барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Моддаи мазкур аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми 1 барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди барқи истифодашуда бо мақсади пардохт накардани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайваст кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дар давоми як соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ, ҷазои ҷиноятиро дар намуди ҷарима ба маблағи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ намудааст. Қисми 2 меъёри мазкур ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани чунин кирдор ба миқдори калон аз тарафи шахс бо истифода аз мақоми давлатӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандон бо маслиҳати пешакиро муайян намуда, барои содир намудани чунин кирдор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян муқаррар карда шудааст. Қисми 3 ҷавобгарии ҷиноятиро содир намудани кирдорҳои дар қисми якуму дуюми ҳамин модда пешбининамуда барои ба миқдори махсусан калон, аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ва иттиҳодияҳои ҷиноятиро муайян ва барои чунин кирдор ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ намудааст.
Ҳамзамон, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 моддаи 382 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шуд.
Дар асоси моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз воситаҳои муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии неруи қувваи барқ ба ҳисоб меравад.
Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд