Тавре ба ҳамагон маълум аст, маҳз тавассути кушишҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун рӯзи байналмиллалии иди Наврӯз эълон кард.
Аз ин рӯ, ҳар сол мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Соли 2025 бо даъвати Пешвои муаззами миллат сарони давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Санаи 31 марти соли 2025 вохӯрии таърихии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он муҳимтарин ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва таърихсоз ба имзо расонида шуданд. Яке аз онҳо ин Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба ҳисоб меравад. Шартномаи мазкур ҳуҷҷати муҳими дар амал татбиқ шудани меъёри моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дахлнопазир эътироф намудааст, ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур заминаи муҳими ҳуқуқии робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанҳӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқии давлатҳои аъзои он мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар суханронии хеш бар он таъкид намуданд, ки “…мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пештибонӣ мекунем”.
Саҳифаи дигари таърихии Ҷанши Наврӯзи аҷам дар соли 2025 ин ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба шумор меравад, ки он низ дар фазои тантанавӣ ва ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба имзо расонида шуд.
Эъломияи мазкур дар иртибот бо муқаррароти моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ менамояд, ба имзо расонида шуд. Мақсади асосии Эъломияи мазкур ин абадан нигоҳ доштани риштаи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва бародарии се миллати ба ҳам дӯсту бародари тоҷик, узбек ва қирғиз ба ҳисоб меравад.
Ин ду санади ҷаншии ба имзо расонидашударо на танҳо се миллати ба ҳам дӯсту бародари тоҷик, узбек ва қирғиз ба хушдунӣ пазируфтанд, балки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, доир ба аҳамияти он нуқтаҳои назари оламиён баён гардидааст. Аксари давлатҳои ҷаҳон ба имзо расидани санадҳои зикршударо натиҷаи сиёсати оқилона, одилон ва инсондӯстонаи сарони се давлатҳо арзёбӣ намудаанд. Чунончӣ, дар изҳороти расмии Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ чунин омадааст: “Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни ин кишварҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар рафти Саммити сарони се кишвар рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ҷараён гирифт, истиқбол намуд…”
Ба имзо расонида шудани ҳуҷҷатҳои мазкур дар сиёсати геостратегии ин се давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар ва раванди ҳамзиштии осоишта такони ҷиддӣ мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки эътирофи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамчун Президенти сулҳпарвар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва шахсияти шинохтаи сиёсии соҳибтаҷриба эътирофи нангу номуси миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҷанши бузурги миллӣ – Наврӯзи аҷам бо пайки накҳати худ саҳифаҳои нави таърихиро барои миллати тоҷик боз кард, ки аз баракат ва моҳияти инсондӯстии ин ҷашни ниёгонамон шаҳодат медиҳад.
Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд