АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Posted by

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи итимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Қабули Қонуни мазкур, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 8-уми июни соли 2007 рост меояд.  Мардуми бофарҳанги тоҷик дар камтарин фурсат,  мубрамияти қабули қонун ва ба манфиати халқ равона шудани онро дарк намуданд. Чун яке аз мубрамияти Қонуни мазкур барои рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон кардани рӯзгор, зиндагӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, итимоӣ ва маънавии мардум раҳнамо гардидааст. 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:  маросим – маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд; ҷашн – талили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ.

 Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад.

Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд.

 Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни мазкур моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои итҷимоиву иқтисодии татбиқи Қонуни танзим нишон медиҳад, ки Қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иро мекунад.

         Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд

       Мирзозода П.Т.