Санаи 21 январи соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд мизи мудаввар оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. чорабиниро кушода, иброз намуданд, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар солҳои гузашта ва барои давраҳои оянда баён намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, технологияи муосир, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Баробари дигар самтҳои пешрафти сиёсати давлатамон, ишора гардид, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.
Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.
Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ ҳамчунин пешниҳод гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” танзим гардида, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Баҳри таъмини иҷрои воқеъии дастуру супоришҳои дар назди мақомот гузошташуда, дар мувофиқа бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории суди иқтисодӣ барои нимсолаи авввали соли 2025 таҳия, қабул, тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Сипас вобаста ба омӯзиши Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзачиҳо судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ниёззода М., иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд Исозода И. ва котиби маҷлиси судӣ Сангов Ш.С. доир ба рисолаи таърихи доштан, аҳамият ва зарурати таъмини иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои дар Паём баён гардида ва андешидани чораҳои иловагии таъхирнопазир баҳри иҷрои вазифаҳои аз он бармеомада, истода гузаштанд.
Дар охири чорабинӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида, таъкид карда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуданд.




