АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲА

Posted by

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. ҳамроҳи судяҳои суди мазкур ба аёдати собиқадори меҳнат Алиматов Ҳакимбой рафта ӯро ба муносибати 86-солагиаш табрик карданд.

Зимни суҳбат, раиси суд Мирзозода П.Т. аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии ӯ пурсон шуда, таъкид намуданд, ки ғамхори нисбати собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Алиматов Ҳакимбой бо ёдоварӣ аз зиндагии худ, пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ва барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Алиматов Ҳакимбой 10 январи соли 1940 дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Пунғази ноҳияи Ашт таваллуд ёфтааст.

Соли 1954 мактаби ҳафтсолаи деҳаи Хиштхонаро бо гирифтани раҳматнома хатм намуда, худи ҳамон сол ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шудааст.

Соли 1958 пас аз хатми омӯзишгоҳ ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоии мактаби ҳаштсолаи ба номи Д.Азизови деҳаи Мулломир фаъолияти меҳнатиашро огоз намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 1959 то моҳи июли соли 1962 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, ба гирифтани унвони ҳарбии сержанти калон ноил гаштааст.

Соли хониши 1962-1963 дар мактаби ҳаштсолаи ба номи Камоли Хуҷандии деҳаи Хиштхона муаллим шуда, кор кардааст.

Сипас соли 1963 ба шӯъбаи рӯзонаи факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров дохил шуда, то моҳи июли соли 1964 таҳсил намудааст.

Солҳои 1964-1966 дар вазифаи муаллими тарбяи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии мактаби миёнаи №7 кор кардааст.

Соли 1966 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1971 бо гирифтани дипломи аъло хатм намудааст.

Аз соли 1971 то соли 1973 дар вазифаи мушовири калони Раёсати адлияи вилояти Ленинобод оид ба назорати судҳо кор карда, моҳи июни соли 1973 ба вазифаҳои судя ва раиси суди шаҳри Уро-Теппа (ҳоло ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон) интихоб гардида, то соли 1982 фаъолият намудааст.

Соли 1982 боз ба вазифаимушовири калони Раёсати адлияивилояти Ленинобод оид ба назорати судҳо таъин гардида, то соли 1985 фаъолият намудааст.

Аз соли 1985 то ба истеъфо баромадан, яъне то соли 2000 дар вазифаи раиси суди арбитражии вилоят, ки минбаъд ба суди иқтисодии вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) табдил дода шуда буд, пурмаҳсул меҳнат намудааст.

Пас аз ба истеъфо баромадан, солҳои 2000-2001 хамчун омӯзгори калони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва аз соли 2001 то имрӯз – омӯзгори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад.

Ҷидду ҷаҳд ва меҳнати софдилонаи ӯ бо чандии ифтихорномаҳои Арбитражи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Суди Олии ҶТ, Арбитражи давлатии ҶТ, Вазорати маорифи ҶТ ва ғайра, ки аз байни онҳо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (соли 1999) махсус бояд қайд намуд, қадр гардидааст. Бо медали ҷашнии «70-солагии мақомоти судии ҶТ» ва медали «Собиқадори меҳнат» (соли 1980) мукофотонида шудааст.

Аз соли 2010 «Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Соли 1970 бо Алиматова (Ҳотамқулова) Лола хонадор шуда, се писару ду духтар ва соҳиби набераю абера мебошад. Фарзандон ҳама соҳиби маълумоти олӣ буда, мисли падарашон ба халқу ватан содиқона хизмат мекунанд.