Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули афкори пашқадами мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми тоҷик заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар  Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. 

Арзиши ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб мегардад.

Яке аз нишонаҳои соҳибихтиёрии кишвар ин доштани Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад.

Бо итминони комил иброз медорем, ки мо сокинони сарбаланди кишвар минбаъд низ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба меъёрҳои конститутсионии кишвар кору зиндагӣ намуда, баҳри ободу зеботар намудани Ватани азизамон саҳми босазо хоҳем гузошт.

         30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

         Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.