Мо ба истиқболи санаи фархунда – 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Рӯзҳо ва солҳои сипаришуда гувоҳанд: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас ва арзишманд доранд. Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти маҳбубамон ин санади тақдирсоз дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифаҳои олии давлатӣ, ҳамзамон, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хос дорад.
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Бо дарназардошти муҳияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Дар иртибот ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Имрӯзҳо раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои ҳаёти ҷомеа ҳисобида шудааст. Ҷиҳати ин тамоюли ҷомеаи муосир шаҳрвандонро зарур аст, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти кору фаъолияташон огаҳӣ дошта бошанд. Донистани Конститутсия ва қонунгузории кишвар вазифаи ҳар як шахс буда, аз онҳо тақозо мегардад, ки муҳимтарин масъалаҳои дар Конститутсия пешбинишударо аз бар намоянд. Маҳз, ҳангоми доштани маълумоти кофӣ ва зарурӣ дар бораи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақвият ёфта, дар натиҷа волоияти Конститутсия ва қонун дар ҷомеа таъмин мегардад.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Розиқов Бобурҷон Бозорович