Ғолибони озмуни “Ҳуқуқи инсон аз нигоҳи хонанда” қадр шуданд

Posted by

Имрӯз бо иштироки намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин, раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода Парвиз ва муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ маросими ҷамъбастии озмуни “Ҳуқуқи инсон аз нигоҳи хонанда” доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 206, аз 23.10.2024 сол ба 4 нафар ғолиби ҷойи якум Ифтихорнома, 8 нафар ғолиби ҷойи дуюм Сипоснома ва 12 нафар ғолиби ҷойи сеюм Раҳматнома супорида шуд.

Дар озмун, дар маҷмуъ, 53 нафар – ғолибон, омӯзгорон, роҳбарони хонандагон, фаъолон, масъулин ва намояндагони шуъбаи маориф қадр шуданд.

Дар фарҷом, аз ҷониби Дилрабо Раҳимӣ муовини Раиси ноҳияи Спитамен ба намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин аз номи раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода Сипоснома супорида шуд.