Маврид ба зикри хос аст, ки бо шарофати 33- соли Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилӣ дар самти тақвият ва густариши ҳокимияти судӣ фароҳам оварда шудаанд. Муссалам аст, ки ҳар як давлат новобаста аз сохти давлатӣ, режими сиёсӣ ва шакли идоракунии худ низоми кафолатҳои миллиеро муайян месозад, ки ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ, қонуният, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии ҷомеаву давалат равона шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низом ҳокимияти судӣ дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа мавқеи марказиро ишғол менамояд. Суд симои давлат буда, табиист, ки аз фаъолияти самараноку одилонаи он боварию эътимоди мардум ба давлат меафзояд. Мувофиқи нуқтаи назари мутахассисони соҳа давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона ба роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки дар роҳи дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунӣ, ислоҳоти судӣ –ҳуқуқиро пеш гирифта, ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо такмили сохтори судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо, як қатор пешравиҳои назаррас ба даст оварда шаванд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судӣ буда, ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад менамояд.
Дар яке аз мулоқотҳои хеш бо кормандони мақомоти судӣ Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақш ва муҳимияти ҳокимияти судӣ чунин таъкид доштанд:
” Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутся ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд”
Дар умум, бояд эътироф намуд, ки судҳои кишвар дар масири 33- соли Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти босамарро анҷом дода маҳз бо шарофати Истиқлолияти давалтӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қисмати ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон тамоми шароитҳои арзандаи ҳуқуқиву ташкилӣ, молиявию техникӣ ва иттилоотиву иртиботӣ барои фаъолияти бомаром ва самараноки низоми судӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамзамон қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ асос ёфтаанд фаъолияти боадолатонаи низоми судии беғараз, мустақил ва тибқи қонун таъсисёфтаро дар Тоҷикистон кафолат медиҳанд . Шароити кунунии сайёра ва вазъи зудтағйирёбандаи авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳонишавӣ аз ҳар кадом судяҳои кишвар талаб менамояд , ки бо дарки масъулияти баланди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва қарзи имониву инсонӣ дар назди Ватан амал намуда, фаъолияти худро барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеаву давлат, корхона, муассиса, ташкилотҳо пос доштан, эҳтиром ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ равона намоянд.
Дурнамои ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ дар кишвар ба назари мо дар шароити кунунии истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти ба эътибор гирифтани омилҳои зайл рушди бемайлон хоҳад кард :
Бо назардошти ба низоми сезинагии таҳсилот гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешниҳод кардан ба маврид аст, ки дар муассиҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро омода мекунанд, нақшаҳои таълимии ин ихтисосҳо бо дарназардошти тамоюлҳои муосири омода кардани кадрҳои ҳуқуқшиносӣ ва ба назари эътибор гирифтани талаботи бозори меҳнат ва талаботи корфармоён инчунин истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар ин самт аз нав таҳия карда шаванд ;
Таҷрибаи қонунгузории кишварҳои хориҷ, аз ҷумла кишварҳои ИДМ дар самти ба кор қабул кардани шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ нишон медиҳад, ки дар баробари доштани дипломи таҳсилоти олии зинаи бакалавр, ҳамзамон доштани дипломи риштаи магистратура низ талаб карда мешавад. Ҳамзамон ба таври аниқ дар ин кишварҳо феҳристи вазифаҳое, ки бакалавар ё магистри ҳуқуқшинос довталаб шуда метавонанд муайян шудаанд. Аз ин рӯ ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки таҷрибаи қонунгузории ин кишварҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, бо даназардошти мухолиф набудани он ба низоми ҳуқуқӣ низоми таҳсилот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконияти дар оянда дар қонунгузории амалкунандаи кишвар пешбинӣ шудани чунин муқаррарот ба миён гузошта шавад.
Бо мақсади мувофиқ кунонидани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба принсипҳои инсондӯстӣ, арзишу стандартҳои байналмилалӣ, ба назари эътибор гирифтани тамоюлҳои муосири таҷрибаи қонунгузории пешқадами кишварҳои хориҷ ва мувофиқ сохтани он ба лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории амалкунандаи кишвар лоиҳаи нави Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шавад ;
Бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам ва қонунгузории кишварҳои пешрафтаи дунё то ҳадди имкон ҷалб намудани кадрҳои ҷавону такмилёфта, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд ба вазифаи судяҳои зинаи поёнӣ – судҳои шаҳр ва ноҳия ;
Бознигарии мӯҳлатҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, маданӣ ва мурофиаи иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани принсипи “ муҳлати оқилонаи баррасии парвандаҳо ”
Бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадам коркарди механизми дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷорӣ намудани падидаи созишномаи ҳамкорӣ миёни тарафҳои айбдорӣ ва ҳимоя дар давраҳои тосудии мурофиаи ҷиноятӣ;
Мушаххас гардонидани тартиби таъқиботи ҷиноятии шахсони дахлнопазир аз ҷумла судяҳо дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамзамон коркарди механизми хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба доираи муайяни шахсони мансабдор.
Котиби маҷлиси судии Суди
иқтисодии вилояти Суғд Сангов Шаҳриёр Сайдобидинович