Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди иқтисодӣ иштирок намуданд.
Раиси суди иқтисодӣ Мирзозода П.Т. ҳамоишро кӯшода, ҳозиринро бо ин рӯз табрику муборакбод намуда, иброз намуд, ки таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки дар ҳама давру замонҳо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ пайомадҳои нек ба бор оварда, ба тавассути ин амал кору пайкор ва номи эшон дар саҳфаҳои таърих бо хатти тилло сабт мегардад. Таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, махсус, бояд қайд намоем.
Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2009) таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои пурмазмуни худро доир ба гиромидошти забони ширину шоиронаи миллӣ, ифтихор аз забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баён дошта, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб доданд.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки ҳангоми таҳияи санадҳои судӣ ва ҷавобҳои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ қатъӣ риоя карда шавад.