Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст

Posted by

Забон муҳимтарин омили ҳастии миллат буда, моли миллат ва мероси халқ аст. Дар тӯли асрҳои зиёд он халқу миллатҳоро бо ҳам мепайвандад. Ҳар як фарди солими ҷомеа вазифадор аст, ки забони модарии хешро ба таври бояду шояд омӯзаду аз худ намояд, бо он зебову шевову равону пухта ҳарф зада тавонад, ба қавле, нутқи мураттаб дошта бошад.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад».

Забон воситаи алоқаву мубодилаи афкор аст. Забон василаест, ки бо ёрии он одамон бо ҳамдигар муошират намуда, ҳамдаму ҳамрози якдигар мегарданд. Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Забон дар миллат ёдгории азизест, ки решаи он сарчашмаи чандин наслҳо буда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

                Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Оре, сухан дар ҳақиқат ҳам беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ буда, дар тани инсон чун ҷон мебошад. Чунки ба воситаи ин гавҳари ноёб фарзанди инсон меҳру муҳаббат, мулоҳизаву мушоҳида, дӯстиву садоқати худ, инчунин андешаҳояшро баён намуда, дар қалби хосу ом ҷой мешавад. Каломи инсонӣ ҳадяи илоҳӣ буда, дар вақти баён истифода мешавад. Вале ашхосе низ ҳастанд, ки забону лафзи худро барои дашном, дӯғу ситез бар волидону устодон ва баҳри мутакаббирию таърифу тавсифи худ истифода мебаранд. Мутаассифона, чунин шахсон низ дар ҷамъияти мо кам нестанд, аммо ногуфта намонад, ки дар замони ҳозира шахсони алорҳида, алалхусус ҷавононе низ ёфт мешаванд, ки эшон забондону суханвар на танҳо бо лафзи худ, инчунин забонҳои гуногунро низ медонанд, ки дар вақти бо чунин нафарон ҳамнишин шудан ба қалбамон равшание пайдо мешавад, зеро онҳо оинаи миллату ифтихори давлати хеш мебошанд.

Ҳамаи мо дорои забони миллати хеш мебошем, ки он забони тоҷикӣ аст. Забони мо сутуни устуворест, ки Рӯдакиву Саъдиву Ҳофиз, Аттору Саноӣ, Балхиву Ҷомӣ, Носири Хусраву Низомӣ, Айниву Лоҳутӣ, Туғралу Турзунзодаву Лоиқ ва садҳо нафари дигарро он шуҳратёру дар даҳр овозадор кардааст.

Забону нутқ ҳамчун миллат ба воситаи ақлу хирад дар байни тамоми ҷондори рӯйи замин фақат хоси инсон аст. Ҳанӯз дувуним ҳазор сол пеш Арастуи бузург дар ин маврид навишта буд:

«Дар байни тамоми мавҷудоти зинда фақат инсон дорои қобилияти нутқ аст. Инсон на фақат дар рӯйи замин, балки дар тамоми системаи офтобӣ ягона мавҷудест, ки дорои нутқу тафаккури мантиқист».

Нутқ муъҷизаест, ки Офаридгор онро танҳо ба инсон ато намудааст. Сухан гуфтан ҳам ҳунар аст. Чуноне ки пири хирад Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» фармудааст:

«Суханро бузург дор, ки аз осмон сухан омад ва ҳар суханро, ки бидонӣ аз ҷойгоҳ он суханро дареғ мадор ва ба ноҷойгоҳ зоеъ макун, то дар дониш ситам накарда бошӣ».

Ҳангоме, ки ба касе рӯ ба рӯ меоем ва ҳанӯз намедонем, ки вай кист ва чӣ касест, пеш аз ҳама ба сухани ӯ гӯш медиҳем, мебинем, ки ӯ чӣ мегӯяд. Яъне, ба қавле

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

                            Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Бале, ҳақ ба ҷониби Саъдии бузургвор аст, ки забонро калиди дари ганҷи инсон, яъне калиди ақлу фаросат, илму дониш ва фарҳангу хиради инсон номидааст.

Дарвоқеъ, мо – тоҷикон, бо чунин забони маърифатпардоз бояд ҳамеша фахр намуда, онро аз ҳамаи олоишҳо муҳофизат намоем. Забон, дар баробари он, ки мисли асал ширин аст, он гоҳо теғи буранда низ мебошад. Баъзан забон дар сурати нодуруст истифода бурдан сари сабзро ҳам барбод медиҳад. Ба қавли шоир, гоҳо ҷойи доруро низ мегирад. Ба таъбири халқӣ, «Сухани хуш морро аз сӯрох берун меорад»,… Бинобар он, бо ин лафзи дарӣ бояд ҳамеша эҳтиёткор буд ва онро чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ кард. Надонистани забони модарии худ гуноҳест нобахшиданӣ. Чуноне ки шоири тоҷик Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ гуфтааст:

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Дар ин маънӣ месазад матлаби худро бо андешаҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои асолату тозагӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатии Тоҷикистон саъю кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд, ҷамъбаст намоем.

«Ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи
забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро
чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик»,
«забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти
тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли
ҷони хеш дӯст дорем ва бо ифтихор ба забон оварем».

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд