Дар арафаи таҷлил аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиятгирандагони мактаб -интернати ноҳияи Спитамен аёдат шуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода тарбиятгирандагони муассисаро бо ҷашни истиқлол табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки кӯдакону наврасон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри таъмини зиндагии шоиста барои онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.
Ба тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуда, тӯҳфаҳо супорида шуд.