ҲАЛНОМА

Posted by

Парвандаи №    /2024                                                                                                                                                                                               

Ҳ А Л Н О М А

А З Н О М И Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н

9 – уми августи соли 2024                                                                                       шаҳри Хуҷанд

Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Раиси суд: Мирзозода П.Т., бо котибии Олимиён Т.Б. дар маҷлиси сайёри судӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд, парвандаро бо даъвои Прокуратураи вилояти Суғд ба манфиати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “ТШ” оид ба рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500  сомонӣ, бо иштироки намояндаи даъвогар, шахси манфиатдор ва ҷавобгар баррасӣ намуда,

М А Й Я Н К А Р Д:

Прокуратураи вилояти Суғд ба манфиати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан бо аризаи даъвогии дар боло зикршуда, ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намуда, онро асос овардааст, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ муайян карда шуд, ки байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” шартнома  аз 21 декабри соли 2021 таҳти №45 оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ баста шудааст.

Мутобиқи талаботи банди 2.4-и шартномаи мазкур муштарӣ, яъне ҷавобгар бояд маблағи нерӯи барқи истифодашударо дар асоси ҳисобномаи пешниҳодшуда, то санаи 15-уми моҳи ояндаи ҳисоботӣ пардохт менамуд. Тибқи талаботи банди 5.1-и шартноми мазкур, тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Новобаста аз он, ки ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан уҳдадориҳои шартномавиашро оид ба интиқоли барқ иҷро карда бошад ҳам ҶДММ “ТШ” пардохти саривақтии маблағи қарзро ба иҷро нарасонидааст. Бинобар пурра иҷро нашудани талаботи шартнома аз тарафи қарздор ба ҳолати 1 майи соли 2024 қарзи он дар назди идораи фурӯши барқ ба 48 500 сомонӣ баробар гардидааст, ки ҳолати мазкурро санади муқоисавӣ аз 27 майи соли 2024 тасдиқ менамояд. ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан оид ба пардохти маблағи қарз ба қарздор якчанд маротиба иддао ирсол намудааст, вале талаби охиринро пурра ба иҷро нарасонидааст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҶДММ “ТШ” ба манфиати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500 сомонӣ рӯёнида шавад. Аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат боҷи давлатӣ рӯёнида шавад.

Намояндаи даъвогар Прокуратураи вилояти Суғд А.Т. дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогиро бо назардошти асосҳои дар он овардашуда, дастгирӣ карда, ба мазмуни ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ қайд гардида монанд баёнот дода, илова намуд, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ муайян карда шуд, ки новобаста аз он, ки ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан уҳдадориҳои шартномавиашро оид ба таъмини барқ иҷро карда бошад ҳам, аммо ҶДММ “ТШ” пардохти саривақтии маблағи қарзро ба иҷро нарасонидааст, ки қарзи ин корхона дар назди идораи фурӯши барқ ба 48 500 сомонӣ ба ҳолати 1 майи соли 2024 баробар гардидааст, ки қарздории ин корхонаро санади муқоисавӣ тасдиқ менамояд. Бинобар ин аз суд хоҳиш кард, ки даъво пурра қонеъ карда шавад.

Намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан О.Ҳ дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогиро пурра дастгири карда, чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” шартнома “Оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ” ба расмият дароварда шудааст. Новобаста аз он, ки ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан уҳдадориҳои шартномавиашро иҷро карда бошад ҳам, ҷавобгар пардохти саривақтии маблағи қарзро ба иҷро нарасонидааст. Аз суд хоҳиш кард, ки даъво пурра қонеъ карда шавад.

Намояндаи ҷавобгар ҶДММ “ТШ” З.Н. дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогиро эътироф намуда, чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” шартнома  аз 21 декабри соли 2021 таҳти №54 оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ баста шудааст. ҶДММ “ТШ” аз пардохти маблағи қарз саркаши надорад, лекин бинобар надоштани маблағ имконияти пардохти якбораро надоранд ва қисм-қисм пардохт карда истодаанд. Аз суд хоҳиш кард, ки барои пардохти маблағи қарзи боқимонда, муҳлат дода шавад.

Суд мавоҳои парвандаро омухта, баёноти иштирокчиёни маҷлиси судиро шунида, ба хулоса омад, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

 Мутобиқи моддаҳои 328 қисми 1 ва 330 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи уҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад. Масалан, молу мулкашро ба ӯ диҳад корро иҷро кунад, пул супорад ва ғайра, ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд. Кредитор бошад, ҳақ дорад аз қарздор иҷрои уҳдадориҳояшро талаб намояд.

Уҳдадориҳо бояд ба таври дахлдор мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарт ва талабот мутобиқи ананаҳои муомилоти корӣ ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида, анҷом дода шаванд.

Уҳдадорӣ аз шартномаҳо дар натиҷаи расонидани зарар ва дар асосҳои дигари дар санадҳои қонунӣ нишондодашуда, бармеояд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 1079 Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон, зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 1189 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё молу мулки шахси воқеӣ,шахси ҳуқуқӣ, давлат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.

Аз маводҳои парванда дида мешавад, ки байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” шартнома аз 21-уми декабри соли 2021 таҳти №45 оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ ба расмият дароварда шудааст.

Мутобиқи талаботи банди 2.4-и шартномаи мазкур муштарӣ, яъне ҷавобгар бояд маблағи қувваи барқи истифодашударо дар асоси ҳисобномаи пешниҳодшуда, то санаи 15-уми моҳи ояндаи ҳисоботӣ пардохт менамуд.

Тибқи талаботи банди 5.1-и шартноми мазкур, тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

ҶДММ “ТШ” новобаста аз гирифтани иддао оиди пардохти маблағи қарз, бархилофи талаботҳои шартномаи муқаррарнамуда яктарафа амал карда, аз пардохти саривақтии маблағи қарзи истифодаи нерӯи барқ саркашӣ кардааст.

Аз санади муқоисавӣ байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” аз 27 майи соли 2024 бармеояд, ки ҷавобгар дар назди идораи идораи фурӯши барқ ба маблағи 48 500 сомонӣ қарздор мебошад.

Ҳолатҳои дар боло овардашударо асос намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳоро бо қонун муқаррар намуда, суд ба хулоса омад, ки аризаи даъвогиро қонеъ намуда, ҳамзамон мувофиқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хароҷоти судиро (боҷи давлатӣ) ба зиммаи ҷавобгар вогузор намояд.

 Бо дастрасии моддаҳои 109, 165-168 ва 174-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд –

Ҳ А Л К А Р Д:

Даъвои Прокуратураи вилояти Суғд ба манфиати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “ТШ” оид ба рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500 сомонӣ қонеъ карда шавад.

Аз ҳисоби ҶДММ “ТШ” ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500 сомонӣ, рӯёнида шавад.

Аз ҳисоби ҶДММ “ТШ” ба фоидаи давлат 970 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шавад.

Нисбати ҳалнома дар муҳлати як моҳ тавассути ҳамин суд ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

     

Раисикунанда                                                                                Мирзозода П.Т.