ТАЪИНОТИ  ХУСУСӢ

Posted by

                                       ТАЪИНОТИ  ХУСУСӢ

9-уми августи соли 2024                                                                               шаҳри Хуҷанд

Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Раиси суд: Мирзозода П.Т., бо котибии Олимиён Т.Б. дар маҷлиси сайёри судӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд, парвандаро бо даъвои Прокуратураи вилояти Суғд ба манфиати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “ТШ” оид ба рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500  сомонӣ, бо иштироки намояндаи даъвогар, шахси манфиатдор ва ҷавобгар баррасӣ намуда,

       МУАЙЯН  КАРД :

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 9-уми августи соли 2024 даъвои Прокуратураи вилояти Суғд қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҶДММ “ТШ” ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 48 500 сомонӣ, рӯёнида шудааст.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.

Аз маводҳои парванда, дида мешавад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ муайян гардидааст, ки байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “ТШ” шартнома аз 21 декабри соли 2021 таҳти №45 оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ баста шудааст. Новобаста аз он, ки ҷавобгар ҶДММ “ТШ” қувваи барқро истифода бурдааст, тибқи бандҳои шартнома пардохти саривақтии маблағи қарзро ба иҷро нарасонидааст, ки дар натиҷа ба ҳолати 1 майи соли 2024 қарзи он дар назди идораи фурӯши барқ ба 48 500 сомонӣ баробар гардидааст. Аз тарафи шахси манфиатдор ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан оиди пешгирии зиёдшавии маблағи қарз ва саривақт рӯёнидани он тадбирҳои зарурӣ андешида нашудааст.

Дар маҷлиси судӣ муайян гардид, ки фаъолияти кории кормандони масъули ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ тибқи Низомномаи Шабакаҳои барқии марказӣ ба таври дуруст ба роҳ монда нашудааст, ки боиси саривақт пардохт накардани маблағи барқи истифодашуда ва пайдо шудани баҳси судӣ гаштааст.

Бинобар ин, суд ба хулоса омад, ки бо мақсади дар оянда пешгирии вайронкунии қонун ва риояи Низомномаи Шабакаҳои барқии марказӣ ба диққати роҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан расонида шавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 182-183, 1861 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

          ТАЪИН   КАРД :

Оид ба ҳолатҳои дар боло зикршуда, ба диққати роҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан расонида шавад.

Аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар муҳлати як моҳ ба Суди иқтисодии вилояти Суғд маълумоти хаттӣ ирсол карда шавад.

Нисбати таъиноти мазкур шикоят овардан мумкин аст.

           Раисикунанда                                                                                  Мирзозода П.Т.