Таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Posted by

Имрӯз дар ноҳияи Спитамен ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.Онҳо аҳамияти Истиқлолиятро барои рушди давлатдорӣ ва беҳбудии ҳаёти мардум таъкид карда, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ зикр доштанд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода дар суханронии худ қайд кард, ки дастовардҳои ноҳия дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ӯ изҳори умед намуд, ки мардуми ноҳия бо муттаҳидӣ ва заҳмати софдилона дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷашн бо барномаҳои фарҳангӣ, суруд ва рақсҳои миллӣ идома ёфт, ки ҳамзамон арзишҳои фарҳангии тоҷикон ва ифтихори миллӣ дар рӯзгори Истиқлолиятро инъикос намуданд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол бо шукӯҳ таҷлил мегардад, рамзи сулҳу ваҳдат, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат аст. Тантанаҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Спитамен низ нишонаи муттаҳидии мардум ва иродаи қавии онҳо барои ҳифзи Истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб мешаванд.⁹