Бахшида ба 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла бо фармони дар боло зикргардида судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки санаи 4 – уми сенятбри соли 2024 дар Қасри миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Бахтиёр ва муовини раиси Суди иқтисодии ВМКБ Ғарибшозода Раҳимшоҳ Қиматшо мукофоти давлатӣ медали “Хизмати шоиста” супорида шуд.
Бахшида ба ҷашни умумимиллӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми сентябри соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф, иштирок намуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад чорабиниро кушода қайд намуданд, ки: Тоҷикистони азиз дар даврони Истиқлолият роҳи садсолаҳоро тай намуда, ба кишвари ободу зебо, вақеан ҳам мустақил ва дар сиёсати ҷаҳонӣ таъсиргузор табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик волотарин ва арзишмандтарин дастовард дар ҳазор соли охир маҳсуб меёбад.
Сипас судяҳои Суди Олии иқтисодӣ Аминзода С. ва Муминзода Қ. баромад намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон аз мардуми кишвар даъват ба амал оварда, қайд намуданд, ки: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 2024 таҳти №866 дар бораи додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қираот карда шуд, ки мувофиқи он ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад дараҷаи олии тахассусӣ, ба муовинонии раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек ва Аминзода Зокирҷон Тоҳир дараҷаи якуми тахассусӣ дода шудааст.
Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медали “Хизмати шоиста” ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Сулаймон, Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ ва судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сайдализода Сироҷиддин, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судяи Суди Олии иқтисодӣ Раҳимзода Хусрав Абдураҳмон ва судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Далатзода Толиб Шариф супорида шуд.
Инчунин, бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими қонуният ва иштироки фаъолона дар корҳои ташкилию сиёсӣ, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мукофоти соҳавӣ – Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.