Муқовимат зидди коррупсия

Posted by

     Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.

       Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар кофронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дагар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, онба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

       Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсиядошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳои дар ин ҷода шинохта шудааст. Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

       Муқовимат бо коррусия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, ба Осиёи Миёна ягона кишваре мебошад, ки дар лаҳзаи таъсиси Шабакаи заиддакоррупсиони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд узви он мебошад.

      Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки дар ин мубориза тамоми аҳли  ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

       Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии стандартҳои байналмиллалӣ ва санадҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва масъулини мақомоти судӣ минбаъд низ кушаш ба харҷ дода, муқовимати шадидро ба зидди ин падидаи номатлуд боз ҳам пурзӯр хоҳад кард.

Пристави судии Суди иқтисодии

вилояти Суғд Раҳимзода А.А.