Бо эълон гардидани Эъломия дар бораи Истиқлолият бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ нишон дода шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҷой ва мавқеи худро ба даст овард. Пас аз се соли эълони Эъломия дар натиҷаи талош ва заҳматҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини Тоҷикистон қабул гардида, заминаи ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта шуда, услубҳои асосии демократикунонии ҷомеа, принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.
Тағйиротҳои ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа ба миён омадаро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таҳлил намуда, ба он сари вақт баҳои амиқи илмӣ дода, 14-уми апрели соли 1997 Фармон “Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ” қабул намуда, дар кишварамон гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро зарур шумориданд. Бо қабули ин Фармон, имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ – техникӣ ба судҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши кормандон, беҳтар кардани шароити маишии судяҳо ва дар ин замина пойдор гардонидани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина барои қабул ва марҳила ба марҳила гузаронидани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навбатӣ пешниҳод карда, моҳи апрели соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон намуданд, ки мувофиқи он минбаъд судҳои ҷумҳурӣ бо ҳукмҳои худ чунин ҷазоро татбиқ намекунанд.
Дастоварди дигари мустаҳкам гардидани мустақилияти ҳокимияти судӣ аз тобеияти мақомоти прокуратура баровардани татбиқи ҳабси пешакӣ ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ мебошад.
Вохӯрию мулоқотҳои чандинкаратаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозид.
Дар ин росто мо, махсусан ҷавонон бояд аз таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ огоҳ буда, нуқтадону нуқтасанҷ, хушгуфтору донишманд бошем ва ба халқу ватанамон содиқона хизмат кунем.
Раиси Суди иқтисодии
вилояти Суғд Мирзозода П.Т.