Маърифати ҳуқуқӣ – омили ҳаёти осоишта Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А.

Posted by

Бе шубҳа, маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин, риояи қонуну қоидаҳои адолатпешаву инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну нишонраси мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд ба боло бурд.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолият зарурати таҳия ва амалӣ сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруратро хушбахтона давлат ва ҳукумати тозабунёди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ соли 1992 дарк намуда, пайи амалӣ намудани он шуд ва дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд.

Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат бо хитоб мегӯяд: “Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад”. Аз ин лиҳоз, донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо муутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст ва донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарде мебошад, ки, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Шаҳрвандони давлату ҷомеа бояд қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад ва ба ин васила ба мафҳуми неку бад амиқ сарфаҳм рафта, худро аз роҳҳои ноҳамвору нодуруст ҳифз менамояд.

Дар навбати хеш, дар ин вазифаи пурмасъулият ҳар яки мо бояд бетараф набошем ва аз донишу малака, таҷрибаи корӣ ва имкониятҳои ҷойдошта васеъ истифода карда, маҷлисҳои сайёри судиро тавассути суҳбату вохӯриҳо бо мардум ба маротиб зиёд карда, тарғиббу ташвиқи қонунҳоро бо роҳи чопи  маводи илмию таълимӣ ва оммавӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявиро ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон беҳтару хубтар ба роҳ монем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *