Зан-Модар дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. 

Posted by

                                         

Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

  Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ аз рӯзҳои аввали эълони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон усули идоракунии демократиро чун шакли тамаддуннок қабул намуд ва истифодаи баробари имкониятҳои ташаккули занро бо мард муҳайё сохт. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ нақши ҳалкунандаро дар таъмини ҳуқуқҳои зан мусоидат намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардии онҳо” аз 22 августи соли 1997, рушди фаъолияти занонро таъмин сохта, нақши онро дар низоми ҷамъиятӣ мустаҳкам намуд.

  Яке аз аввалин амалҳое, ки ба ташаккули нақши зан дар ҷомеа заминаро фароҳам овард, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” буд. Фармони мазкур дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

  Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”  аз 30 апрели соли 2004, ки мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шуда буд, нақши махсуси занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намуд.

   Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2021 қабул гардидааст.

  Дар Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.

  Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба занон муроҷиат намуда, мақоми онҳоро дар рушди давлатдории муосири Тоҷикистон чунин қайд намуданд: “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.

  Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофару меҳнатқарини мо ба маърифатнокӣ, қавииродагӣ, сабру таҳаҳаммулгароии Зан-Модар аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг ва воломақом бошанд. Зеро маърифатнок будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила ва ҷомеа баланд шуда, фарзандон ва  аҳли хонавода маърифатноку донишманд тарбият ёбанд, ин нуқта талаботи асосии фарҳанги баланди оилаву оиладориро таҷассум медиҳад. Бинобар ин устувории оила муҳаббати самимӣ ва эҳтирому боварӣ ба якдигар асоси мустаҳкамии оила дар ҷомеа буда, ин иқдом роҳпаймоии фарзандон дар шоҳроҳи зиндагӣ ба шумор меравад. Алалхусус, ба тарбияи духтарон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират, пухтупаз, рӯбучини хона, касбу ҳунар омӯзондан зарур аст.

    Эълон доштани соли 2018 соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва солҳои 2019-2020 соли деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ нақши занҳоро боз ҳам афзалтар ва фаъолтар намуд. Зан тавонист, ки ҳунари худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ мубаддал созад. Акнун чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо иштироки занони ҳунарманд, аз ҷумлаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кадбонугӣ ва ғайра гузаронида мешавад. Вобаста ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои мушаххаси занона, марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот кушода шуданд, ки занҳоро ба кори ҷамъиятӣ ҷалб сохта, шумораи ҷойҳои кориро зиёд намуаанд.

    Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон то 1-уми январи соли 2024 дар мақомоти давлатӣ худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар маҷмуъ занон 4569 нафар ё 25,1 фоизро ташкил дода, ҷалби онҳо дар ҳоли афзоиш аст.

     Ҳамин тавр, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи Зан-Модар таваҷҷуҳи доимӣ дошта, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити бонувону занон талошҳои ҳамешаги намуда истодааст, зеро занони тоҷик дар ҳама давру замон тарафдори давлати пойдор буда, Тоҷикистони осудаву оромро мехоҳанд.