Дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми шарифи кишвар изҳор доштанд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».
Ва инак пас аз чанд рӯз мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ваҳдат ба тоҷикон оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имкон даст дод, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад. Ин ҳолат ба пешрафти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар мусоидат намуда, боиси беҳбудии шароити зиндагии мардум гардид. Ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми тоҷик, ҳамзамон боиси он шуд, ки шаъну эътибор ва мақому манзалати ҷумҳурии дар он давра тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад. Маҳз ҳунари сулҳофарии миллати тоҷик то кунун мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Воқеан ҳам сулҳ мафҳумест бузург, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстӣ ва манбаи хушбахтии ҳамаи одамон аст. Умед бастан ба неруҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк кардаву шарҳ додаанд:
«Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».
Ин мавқеи эътимодбахши роҳбарияти олии давлат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳасбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон гардидааст.
Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдати миллӣ дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши ғояи ваҳдати миллӣ гуфтан зарур аст, ки ғояи мазкур дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик собиқаи хеле куҳан дошта, дар «Авесто» ва асарҳои дигари тоисломии мардуми ориёинажод, асарҳои фалсафию бадеии мутафаккирону адибони асримиёнагӣ, инчунин дар ривоятҳо, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва намунаҳои дигари осори шифоҳӣ, бо тарзу усулҳои хеле марғубу дилнишин инъикос ва таъкиду тарғиб карда шудааст. Дар замони Истиқлол бошад, барои татбиқи амалии ғояи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ормонҳои деринаи миллати мутамаддину бостонии тоҷик ва кулли ҷомеаи башарӣ мебошад, шароит ва имкони мусоид фароҳам омад. Нахустин иқдоми сиёсии давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст. Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гӯё дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвар гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаамонро мисли борони файзбори баҳорӣ руҳу тавони тоза бахшид. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаву таҳкимбахш мардуми шарифи Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои хирадманду маҳбуби худ мутаҳҳид гардонидааст. Ва ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистонро баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан ҳидоят мекунад.
Ваҳдати миллӣ гуфта, дар адабиёти муосири сиёсиву хуқуқӣ ва иҷтимоӣ мафҳуму фаъолиятҳое дар назар дошта мешаванд, ки онҳо назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои этникиро дар дохили кишвар таъмин ва инъикос мекунанд.
Ваҳдати миллӣ як силсила омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, дохилӣ ва берунӣ дорад. Ҳамгироӣ ва мушорикати субъектҳои миллӣ ё этникӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – иқтисодиёт, технологияи илм, сиёсат, санъат, варзиш, дин ва дигару дигар, аз вуҷуди ваҳдати миллӣ дар сатҳи ҳаёти ҷамъиятӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар сатҳи ҳаёти фардӣ бошад, ваҳдати миллӣ дар ҳиссиёту худшиносии миллии афрод, таносуби руҳию равонӣ ва дигар хусусиятҳои барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ муштараки ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоӣ ифода меёбад. Ҳарчанд ки ваҳдати миллӣ ҳанӯз маънои риоя шудани принсипҳои адолат ва баробарӣ дар касби неъматҳои ҷамъиятиро надорад, вале барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ муфид ва муҳим мебошад. Гузашта аз ин, тибқи андешаҳое, ки дар адабиёти муосири ғарбӣ ифода ёфтаанд, ваҳдати миллӣ на танҳо барои амнияту рушди ин ё он давлати ҷудогона муфид мебошад, балки барои ҳамгироӣ ва рушди муштараки давлату ҷомеаҳои мухталифи миллӣ, таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории муштаркулманофеи кишварҳо низ нақши аввалиндараҷаро иҷро мекунад. Ваҳдати миллӣ барои ҳамаи мамлакатҳое, ки дар ҳудуди онҳо халку миллатҳои гуногун маскун мебошанд, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва дигар арзишҳои ичтимоӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, ҳар як давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд барои таҳкими он мубориза мебарад. Масалан маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Таъмини ваҳдату якдилии миллӣ ва якпорчагии кишвари маҳбубамон, бешубҳа, яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба ин неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳои сахти айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро мардонавор паси сар карданд. Ба ин хотир аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин ва фараҳбахштарин рӯйдодҳои даврони Истиқлол ҳамасола дар саросари кишвар ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.
Фазилати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмию миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин маъракаҳои фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқҳои маскуни он таъмин карда мешавад.
Дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург конфронсу симпозиумҳо, барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки тавассути онҳо мардум, алалхусус наслҳои ҷавону наврас аз таърих ва саргузашт, дастовардҳо ва бурду бохти мардуми шарифи кишварамон дар замони Истиқлол огоҳ шуда, зарурати ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро амиқ дарк карда, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Умуман, метавон гуфт, ки таъмин ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз ормонҳои азалӣ ва ҷамъиятии мардуми мутамаддину бунёдкори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тавре ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон ин нуктаро таъкид кардаанд, “ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».
Ҳаёти имрӯза ба хубӣ нишон медиҳад, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии халқ ва фарзандони содиқи миллат ба даст омад. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Аз ин лиҳоз, бигзор ваҳдати имсола барои мардуми тоҷик оғози корҳои нек гардаду фазои сулҳу дӯстӣ дар сарзамини мо ҷовидона шавад.