Дар деҳаи Сафедтепаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол озмуни “Оши палов” баргузор гардид. Ин иқдом ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 роҳандозӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода иштирок намуданд.
3 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла эҳёи таомҳои миллӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.
(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)