Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди босуботи кишвар – Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар

Posted by

Чуноне иттилоъ дорем, санаи 28 – декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад, зеро дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд ба таври шоиста таҷлил карда шавад.

Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 – уми ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.

Мушоҳидаҳо барҳақ собит сохтаанд, ки аксарияти шаҳрвандоне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд, аз фарҳанги ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва умуман тасаввуроти ҳуқуқӣ бархӯрдор нестанд,

Биноан, дар ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, раванди мазкур сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолиро инкишоф дода, тафаккури ҷомеаро дар бораи муносибатҳои ҳуқуқӣ, суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва умуман, оид ба арзишҳои ҳуқуқӣ ташаккул медиҳад.

Ватани маҳбубамон Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва меъёрҳои ҳуқуқии он ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, ҳамаи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлат ҳимоя, эътироф ва эҳтиром карда мешаванд.

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат набуда, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили тарбияи ҳуқуқии ҷомеа ҷиҳати тарбияи характери миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, кам намудани хушунати оилавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ятимону кӯдакон, инчунин баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва нигоҳубини падару модари пиронсолу барҷомонда аз ҷониби фарзандон робитаи ногусастанӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва маҷлиси ҳукуматии кишвар ва байналмилал ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум таъкид менамоянд. Мисоли ин гуфтаҳо соли 2004 дар Паёми хеш Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “Бояд раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром гузоштан, риоя кардани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда шавад”. Ҳамчунин, дар кишвар санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита равона гардидаанд, ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва дар ин замина қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” аз 22-юми августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дошта, заминаҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд.

 Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯи кор омадааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши бориз ва муҳим мебозад. Ҳамзамон, барои тақвият бахшидани ин раванд соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи миллии таълим” ва соли 2006 “Консепсияи миллии тарбия” қабул ва тасдиқ гардиданд. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани фанни ҳуқуқи инсон дар мактабҳои миёна дар самти боло бурдани фаҳмиш ва маърифати ҳуқуқии мардум аз аҳамият холӣ нест.

Оид ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ бошад дар илми ҳуқуқшиносӣ бо дарназардошти ақидаи олимон мафҳумҳои гуногун баён шудаанд. Олимони соҳа иброз доштаанд, ки маданияти ҳуқуқӣ яке аз навъҳои фарҳанги ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мешавад. Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад.  Яъне маданияти ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Чӣ хуш аст, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун дар қаламрави кишварамон интишор меёбанд  ва дастраси омма мегарданд ва дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои интернетӣ имкон медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти қонунгузории ҷорӣ бохабар бошанд. Зимнан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро бе ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст ва он дастрасӣ ба махзани ҳуқуқӣ бояд ба мардум озод ва бемонеа бошад. Дастрасии озод ба манбаъҳои қонунгузорӣ ба халқ имкон медиҳад, ки ҳар шахс барои дар доираи талаботи қонунӣ ба роҳ мондани фаъолият, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва огаҳ будан аз муқаррароти қонунгузорӣ бохабар бошад.

Ин ҳолат аз масъулини мақомоти давлатӣ тақозо менамояд, ки санадҳои худро мунтазам дар сомонаҳо ҷой диҳанд, пайваста онҳоро зери назорат қарор диҳанд ва ба ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид мешавад, сомонаро такмил диҳанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила, ки ячейкаи хурдтарин дар давлат ба ҳисоб меравад бояд оғоз гардад. Аз рӯйи маълумоти оморӣ қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Ин ҳама барои инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдак равона гардидааст. Волидайнро зарур аст, ки худ қонунро ва риояи онро донад ва дарк намояд ва ҳамчун мураббӣ онро барои кӯдаки худ омӯзонад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа махсусан субъектони ваколатдор вазифадор аст, ки дар самти баланд бардоштани маърифати буқуқӣ фаъолияти судманду маранок зоҳир намояд, зеро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуӣ, риоя ва иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, ҳамзамон афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва василаҳои амалишавии онҳо, инчунин таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир бояд хотирнишон намуд, ки дар Паём сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳамаи пешравиҳои зикргардида, заҳмати софдилона ва оқилонаи сокинони мамлакат мебошанд. Тамоми сокинонро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайратро баҳри ободӣ, тозагии хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосоямон боз ҳам заҳмат кашида ва ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор, соҳибтамаддун, созанда, бунёдкор муаррифӣ намоем.