Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷамъомад ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ аз рӯзҳои аввали эълони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон усули идоракунии демократиро чун шакли тамаддуннок қабул намуд ва истифодаи баробари имкониятҳои ташаккули занро бо мард муҳайё сохт. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ нақши ҳалкунандаро дар таъмини ҳуқуқҳои зан мусоидат намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардии онҳо” аз 22 августи соли 1997, рушди фаъолияти занонро таъмин сохта, нақши онро дар низоми ҷамъиятӣ мустаҳкам намуд.
Яке аз аввалин амалҳое, ки ба ташаккули нақши зан дар ҷомеа заминаро фароҳам овард, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” буд. Фармони мазкур дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.
Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, аз 30 апрели соли 2004, ки мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шуда буд, нақши махсуси занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2021 қабул гардидааст.
Дар Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.
Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон то 1-уми январи соли 2024 дар мақомоти давлатӣ худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар маҷмуъ занон 4569 нафар ё 25,1 фоизро ташкил дода, ҷалби онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Сипас судяи Суди иқтисодии вилоят Хоқазода Ф.Ҳ. ва мутахассиси суд Обидов О.О. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи дохилиидоравӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ чораҳои зарурӣ андешида, шумораи ташвиқу тағриботро дар ин самт зиёд ва сифатнок намоянд.