Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Конференсия якҷоя бо иқдоми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар кори конференсия ректори донишгоҳ профессор Усмонзода А. муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З. Т., Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П Т., сардори раёсати судҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода З., муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А. ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш., Ниёззода М. ва Эмомализода Н.Э. иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки перомуни нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ кафили пойдории  риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, сатҳи баланди ҳуқуқдонӣ ҳамчун кафолати рушди кишвар, мубориза бо таҳдидҳои муосир, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва гароиш ба фарҳанги бегона маърӯзаҳо ироа шуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, таҳлилу баррасии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, татбиқи “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” унвон мешавад.

Дар фарҷоми конференсия як қатор иштирокчиён ба музокира баромада, зарурият ва воситаҳои муассири таҳкими маърифати ҳуқуқиро таъкид доштанд.