Моддаи 138 Кодекси мазкур муқаррар намудааст: ба ашёи ғайриманқул (молу мулки ғайриманқул, ғайриманқула) инҳо дохил мешаванд: қитъаи замин, бино (истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ), иншоот ва объектҳои сохтмонашон нотамом, дарахтҳои бисёрсола ва молу мулки дигар, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расондани хисороти воқеии номутаносиб ба таъиноташон имконнопазир аст.
Ба ашёи ғайриманқул инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ, киштиҳои дар дохили кишвар шинокунанда, киштиҳои кайҳонӣ, истгоҳҳои кайҳонӣ, радифҳои маснуъ ва объектҳои дигари кайҳонӣ, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, баробар эътироф карда мешаванд. Мувофиқи қонун ашёи дигарро низ ба ҷумлаи молу мулки ғайриманқул нисбат додан мумкин аст.
Ашёе, ки ба молу мулки ғайриманқул дохил намешавад, аз ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок, ашёи манқул дониста мешавад. Бақайдгирии ҳуқуқ ба ашёи манқул зарур нест, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Мутобиқи моддаи 136 ва 138 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сархати 1 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, дохил карда шудааст.
Ҳар як ашё дорои молик ва ё субъекте мебошад, ки нисбат ба он ҳуқуқи моликиятӣ доранд. Тибқи талаботи моддаи 279 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи моликият ҳуқуқи бо қонунгузорӣ эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект ҷиҳати ба салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани ашёе мебошад, ки ба он мансубанд.
Тибқи талаботи моддаи 288 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият пешбинӣ карда шудааст. Аз он ҷумла, ҳуқуқи моликият ба ашёи наве, ки шахс барои худ бо риояи қонунгузорӣ тайёр кардааст ё ба вуҷуд овардааст, аз ҷониби ҳамин шахс ба даст оварда мешавад. Ҳуқуқи моликиятро ба ашёе, ки молик дорад, шахси дигар дар асоси шартномаи хариду фурӯш, мубодила, ҳадя ё аҳди дигари бегонакунии чунин ашё ба даст оварда метавонад. Дар сурати вафоти шахси воқеӣ ҳуқуқи моликият ба ашёи ӯ тибқи васиятнома ё қонун чун мерос ба шахсони дигар мегузарад. Дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи моликияташ ба ашё ба вориси ҳуқуқии он мегузарад. Бе иродаи молик бегона кардани ашё ба шахси дигар манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар. Шахс тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва ё қонунҳои дигар метавонад ба молу мулке, ки молик надорад, ба молу мулке, ки моликаш номаълум аст ё ба молу мулке, ки моликаш аз он даст кашидааст ё бо дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи моликиятро аз даст додааст, ҳуқуқи моликият пайдо кунад. Аъзои кооперативҳои манзил, сохтмони манзил, бӯстонсаро, гараж ё кооперативи дигари ғайритиҷоратӣ, шахсони дигар, ки ба ҳаққи узвияти захирашаванда ҳуқуқ дошта, ҳаққи узвияти худро барои манзил, бӯстонсаро, гараж ё бинои дигари аз тарафи ҳамин кооператив ба онҳо ҷудокарда пурра пардохтаанд, ба ашёи зикргардида ҳуқуқи моликият пайдо мекунанд.
Мутобиқи моддаи 17 (1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ин – қарорҳои дахлдор, бозори ҳуқуқи истифодаи замин, бо тартиби мерос ё бо роҳи ҳуқуққабулкунии умумӣ, дар натиҷаи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи бандҳои 58-60 Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2015, № 7 “а” тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2015 №777 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, вобаста ба асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда инҳо буда метавонанд:
– намудҳои гуногуни шартнома ва созишномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд;
– ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки ҳуқуқи моликиятро ба молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунад;
– ҳалномаи суд, ки ҳуқуқи моликиятро ба молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунад;
– ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият тибқи қонунгузории амалкунанда.
59. Ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул мумкин аст, аз ҷумла, бо яке аз ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда шавад:
– бо шартномаи ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда оид ба ҷудо карда додани қитъаҳои замин ба истифодаи бемуҳлат барои сохтмони хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар асоси ҳуқуқи моликияти шахсӣ;
– бо шартномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқкардашудаи хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра;
– бо шартномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқкардашудаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, иҷора бо харида гирифтани минбаъда, ҳамчунин шартномаҳои дигар ва созишномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк, ки аз аҳдҳои пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ бармеоянд;
– бо созишнома дар бораи тақсим кардани ҳиссаи дар молу мулк (маҳсулот, ашё);
– дар бораи ташаккули фонди оинномавӣ;
– дар бораи супоридани молу мулки ба моликияти гаравгир;
– дар бораи супоридани молу мулк ба сифати ҳаққи дасткашӣ ва монанди инҳо;
– бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи ба даст даровардани молу мулки ғайриманқул аз савдои умумӣ;
– бо санад дар бораи хусусигардонии молу мулки ғайриманқул;
– бо шартномаи ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда дар бораи супоридани молу мулки ғайриманқул ба моликияти шахси дигар;
– бо шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос;
– бо шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳисса дар молу мулки муштараки зану шавҳар;
– бо шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият;
– бо ҳуҷҷате, ки ҳуқуқ ба моликиятро тасдиқ намуда, мақоми ваколатдори бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул додааст;
– бо нусхаи ҳалномаи ба эътибори қонун даромадаи суд, ки ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқулро тасдиқ мекунад;
– бо нусхаи ҳалномаи суд дар барои тақсими молу мулк дар байни зану шавхар;
– бо шартнома дар бораи тақсими молу мулки ғайриманқул;
18. – бо шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк;
19. – бо ҳуҷҷатҳои дигаре, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқ ба моликиятро тасдиқ мекунанд.
60. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи молу мулки ғайриманқул бояд дар мақоми бақайдгирандаи давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 290-294 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот ва дигар молу мулки ғайриманқули аз нав бунёдшаванда, ки бояд аз қайди давлатӣ гузарад, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ ба миён меояд.
Ҳуқуқи моликияти бадасторандаи ашё тибқи шартнома аз лаҳзаи додани он пайдо мешавад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Агар шартнома оид ба бегона кардани молу мулкро ба қайди давлатӣ гирифтан зарур бошад, ҳуқуқи моликияти бадасторанда аз лаҳзаи бақайдгирии он ба вуҷуд меояд.
Моддаи 139 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: “Ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашё ба ашёи ғайриманқул, маҳдудиятҳои ин ҳуқуқҳо, пайдоиш, гузаштан ва қатъ гардидани онҳо бояд аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ, ҳуқуқи соҳибии якумраи меросӣ, ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат, ипотека, сервитутҳо, инчунин ҳуқуқҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар баробари бақайдгирии давлатӣ мумкин аст намудҳои алоҳидаи молу мулки ғайриманқул махсус ба қайд ё ба ҳисоб гирифта шаванд.
3. Мақомоте, ки молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро ба қайди давлатӣ мегиранд, уҳдадоранд бо дархости ҳуқуқдор ҷиҳати тасдиқи бақайдгирии давлатии анҷомдодашуда ҳуҷҷати дахлдорро пешниҳод намоянд.
4. Мақомоте, ки бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ё ҳуқуқҳо ба онро анҷом додаанд, уҳдадоранд дар асоси дархост ба ҳар шахс дар бораи бақайдгирии анҷомдода ва ҳуқуқҳои бақайдгирифташуда иттилоот диҳанд. Иттилоот, сарфи назар аз маҳалли бақайдгирӣ, дар ҳар мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул дода мешавад.
5. Нисбат ба рад кардани ба қайди давлатӣ гирифтани молу мулки ғайриманқул ё ҳуқуқҳо ба он ё аз бақайдгирӣ саркашӣ кардани мақомоти дахлдор ба суд шикоят кардан мумкин аст.
6. Тартиби бақайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад кардани он мутобиқи қонун муқаррар карда мешаванд.
Тибқи моддаи 178 Кодекси маданӣ, аҳд бо молу мулки ғайриманқул (бегона кардан, ипотека, иҷораи дарозмуддат ва ғайра) бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Тартиби бақайдгирии аҳд бо молу мулки ғайриманқул ва тартиби пешбурди феҳристи дахлдор бо қонунгузорӣ муайян карда мешавад. 2. Дар қонунгузорӣ мумкин аст бақайдгирии давлатии аҳд вобаста бо намудҳои муайяни молу мулки манқул ва дигар аҳд муқаррар карда шавад. 3. Аҳде, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад (аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо), баъди чунин бақайдгирӣ оқибати ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад.
Тибқи моддаи 287 Кодекси маданӣ хусусиятҳои амалисозии ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигари ашё ба молу мулки ғайриманқулро ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян мекунанд.
Моддаи 15 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» амалӣ карда мешавад.
Тибқи моддаҳои 7-8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул амали ҳуқуқӣ оид ба эътироф ва тасдиқи давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул мебошад. Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул новобаста аз шакли моликият анҷом дода мешавад. 2. Молу мулки ғайриманқул аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти он мутаносибан ташкилёфта, тағйирёфта, қатъгардида ба ҳисоб меравад.
3. Бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул танҳо ба тариқи судӣ беэътибор дониста мешавад.
4. Молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 8 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки бақайдгирии давлатии ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул амали ҳуқуқӣ оид ба эътироф ва тасдиқи давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул мебошад.
2. Пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ, инчунин ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) зерин нисбати молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд:
– истифодабарии якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан;
– истифодабарии бемуҳлати қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан;
– истифодабарии муҳлатноки қитъаи замин;
– иҷора ва иҷораи фаръии қитъаи замин ба муддати зиёда аз як сол;
– пешбурди хоҷагидорӣ; – идоракунии ваколатӣ; – идоракунии оперативӣ;
– иҷора ва иҷораи фаръӣ ба муддати зиёда аз як сол, бе подош истифода бурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, бинои ҷудогона;
– сервитут; – ипотека; – ҳабс;
– муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи эътирофи он ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ;
– муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи хизматрасонии хати барқгузар, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ;
– дигар ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Анҷом додани бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудият, пайдоиш, гузариш, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ворид намудани сабтҳо дар варақаи бақайдгирӣ амалӣ карда мешавад.
Барои объектҳои бақайдгирифташуда шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Шакли шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, №5 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2018, №916 ба қайди давлатӣ гирифта шудаааст, муайян карда шудааст.
Ҳангоми додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ сабтҳои он бо сабтҳои варақаи бақайдгирӣ бояд мутобиқат намояд. Ба объектҳои биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом бо қитъаҳои замини ба ҳам вобаста, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода шуда, амали ба қайди давлатӣ гирифта шудани молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он тасдиқ карда мешавад.
Вобаста ба қатъи ҳуқуқҳо нисбат ба молу мулки ғайриманқул танҳо дар асоси муроҷиати соҳибҳуқуқ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба парвандаи бақайдгирӣ ҳамроҳ карда мешавад.
Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, ки дар асоси қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 таҳти №37 тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018 бо рақами бақайдгирӣ №925 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, инчунин дар асоси сархати сенздаҳуми моддаи 12 ва 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Судяи Суди
иқтисодии вилояти Суғд: Эмомализода Н.Э.