Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи худ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, аз ҷумлаи таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” маншаъ гирифта, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» таҳти мафҳуми террорист чунин фаҳмида мешавад: Террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар хама гуна шакл иштирок менамояд.
Терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад, фаҳмида мешавад;
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин амалҳои номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомадҳои ногувори онҳо батамом ҷилавгирӣ карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дохилию байналмилалиро қабул кардааст. Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсия миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018 – 2025”, Консепсия миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018 – 2025”, Стратегияи муҚовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025,
Таҳдиди терроризм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи силоҳи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбат ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохили давлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад.
Терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои ин гуна зуҳурот, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Бояд Қайд кард, ки дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 тасдиқ гардида буд. Сипас, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 тасдиқ шудааст.
Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм инҳо мебошанд: 1) дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм:
– васеъ намудани доманаи фаъолияти профилактикӣ, такмили чораҳои пешгирӣ дар асоси таҳлили самаранокии онҳо;
– ошкор ва бартараф намудани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм;
– ҷалби фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон ба иқдомот доир ба пешгирии экстремизм;
– ташкил ва васеъ намудани тадқиқоти илмию таҳлилӣ ва сотсиологӣ вобаста ба сабабу шароитҳои экстремизм ва терроризм дар ин раванд ҳамчун яке аз меъёрҳои асосии арзёбии арзиши онҳо ҳисобидани имконпазирии татбиқи воқеии онҳо (хулосаву таклифҳо) дар амалия;
– фаъолтар намудани чорабиниҳои фарҳангию равшаннамоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ, мусоидат ба воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ;
– такмили механизмҳои ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷалб кардани доираи боз ҳам васеътари мақомоти давлатӣ, дақиқ ва мушаххас намудани вазифаҳо, инчунин беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм;
– баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳайати омӯзгории бо ҷавонон коркунанда, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризмро ба амал мебароранд;
Бояд ёдовар шуд, ки 3 – 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.
Дар ин конференсияи сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: “Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем”.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Нозир референти
Суди иқтисодии вилояти Суғд Олимиён Т.Б