Маърифати ҳуқуқӣ – ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ДЕМОКРАТӢ

Posted by

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Мақсади асосӣ аз роҳандозӣ шудани чунин иқдомот ин пеш аз ҳама тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ ва ғайраҳо мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро тақозо дошта, одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

 Институти ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Оғози ибтидоии ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс аз он иборат аст, ки шахс ба шаҳрвандии давлати муайян мансуб аст, ки қобилияти ҳуқуқии ӯ бевосита аз он бармеояд. Асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди он принсипҳои умумибашарӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, амали бевосита, баробарӣ ва принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои давлат мебошад. Ҳамаи ин принсипҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳо самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, асоси мақоми ҳуқуқии он мебошанд. Мазмуни институти ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошад, ки онҳоро ба ҳуқуқҳо дар соҳаи бехатарии шахс, ҳаёти шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим намудан мумкин аст.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун- ин муносибати эҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аст, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои гуфташуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.

Судяи Суди иқтисодии вилоят

Ҳасанзода Ҷамолиддин Холмурод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *