Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд бошукӯҳ таҷлил карда шавад. Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ҳама соҳаҳо, бо дарназардошти низоми нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Дар ин замина аз 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба тасвиб расидааст.
Мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ», гарчанде дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита оварда нашуда бошад ҳам, аммо дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти «маърифати ҳуқуқӣ»-ро ифода менамоянд. Вобаста ба моҳияти Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.»
Оид ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти ақидаи олимон мафҳумҳои гуногун баён шудаанд. Маърифати ҳуқуқӣ вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
Ҳокимияти судӣ тибқи Конститутсия ва Қонуни констутсионии “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳири Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолат судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту, адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.
Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамаи ин арзишҳо дар маҷмуъ ба мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» вобастагии ногусатанӣ дошта, мазмуну моҳияти онро бевосита ифода менамоянд.
Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ аз пешниҳодҳои оқилона ва созандаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, чун воқеан густариши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият аз масъалаи ҳалталаби ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Агар кулли шаҳрвандон, алалхусус ҷавонону наврасон, ки нерӯи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои бехатарӣ ва амнияти кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва ҳеҷ гуна гурӯҳҳои тундрав онҳоро гумроҳ карда наметавонад. Зеро ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон сарчашма мегирад. Барои ривоҷ ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мо бояд дар тамоми ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ҳуқуқиро бо иштироки шахсиятҳои маъруф ва ҳуқуқшиносони варзида роҳандозӣ намуда, дар ин ҷода муваффақиятҳои назаррас ба даст орем, зери партави ин пешниҳоди оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро боз ҳам баландтар бардорем.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд: Розиқов Б.Б.