Имрӯз бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад ҷиҳати иҷрои барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи чорабинињо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2020-2025 баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки зарурати қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, бармеояд.
Бо мақсади иҷрои бандҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.
Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо, ин вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.
Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Ниёззода С.С. ва котиби маҷлиси судӣ Розиқов Б.Б. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабинињо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ чораҳои зарурӣ андешанд.