Иди байналмилалии Наврӯз дар Суғд бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта шуд

Posted by

23 марти соли 2024 тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Суғди бостонӣ идома ёфта, сокинони шаҳру ноҳияҳо бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ ва ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси Наврӯз, бозиҳои миллии варзишӣ, қироати шеъру таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ва ҳайати ҳамроҳонашон аз хаймаҳои наврӯзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид карда, бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандону собиқадорони меҳнат, иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ сӯҳбатҳо намуда, аз таърихи Наврӯзи хуҷастапай ва саҳми он дар тамаддуни башарият ёдоварӣ карданд. Сипас, қисми расмии чорабинӣ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз ёфта, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии ҷашни муборак ва хуҷастаи Наврўзи байналмилалиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сокинони вилоятро муборакбод гуфта, саломативу саодати пойдор, хушрўзгориву некбахтӣ ва дар ҷодаи расидан ба ниятҳои неку созанда барору муваффақиятҳо орзу намуд. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони вилоятро бо Наврўзи байналмилалӣ табрик намуд. Зимни суханрониҳо қайд карда шуд, ки Наврўз яке аз куҳантарин ҷашни​ миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рўз шабу рўз баробар​ гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд. Мардум дар даврони мухталифи таърихӣ ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд ва минбаъд Наврўз дар миёни халқҳои дигар паҳн гардида, маҳбубият пайдо намуд ва ҷузъи тамаддуни ононро ташкил дод. Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўзро ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ шукуҳи бештар бахшид. Бо пешниҳод ва иқдоми хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврўз 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврўзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Пазироии Наврўз, аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори тоҷик ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор доштанд ва хоҳанд дошт. Иди байналмилалии Наврўз барои ба ҳам омадан, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хоса дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрўза баҳрабардорӣ аз суннатҳо ва ҳикматҳои неки он хеле муҳим мебошад. Зеро Наврўз тантанаи нур, сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамзистӣ буда, инсониятро барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки Наврўзи имсола ба рўзҳои моҳи шарифи Рамазон рост омад. Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли 2024​ дар шаҳри Душанбе доир гардид, вобаста ба анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ин моҳ таъкид намуданд. Аз ин лиҳоз, яке аз суннатҳои бисёр хубе, ки мардуми мо дар ҷашнгирии Наврўз анҷом медиҳанд, оростани дастурхони идона аз неъматҳои табиати диёр мебошад, ки баёнгари сарватҳои бойи кишвар буда, инсонро ба саховатпешагӣ даъват мекунад.​ Дар арафа ва рўзҳои таҷлили Наврўз, расму одати дигари тоҷикон хабаргирии хешу табор, бо ҷашни Наврўз табрик кардани ҳамдигар, аз ҳолу аҳволи наздикон, падару модар, шахсони эҳтиёҷманд, калонсол, пирони барнодил бохабар шудан мебошад, ки дар фарҳанги мардуми мо мақоми муҳим дорад.​

Аз тарафи дигар, гузаштагони мо дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоатро дар арафаи ҳар иду айём ва ба ин восита шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд. Наврўз ҳар сол ба сарзамини тоҷикон орзуҳои нав меорад. Ин ҷашни қадимаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мазмуни тоза ба тоза боз ҳам ғанитар гардидааст. Ин гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумати мо ба фарҳангу таърихи пурғановати миллати куҳанбунёдамон арҷ гузошта, барои пойдории истиқлолу озодӣ ва​ сарҷамъию муттаҳидӣ кўшиш ба харҷ медиҳад. Ин ҳама аз файзи истиқлол, ваҳдат,​ сулҳу субот ва муттаҳидии мардуми тоҷик башорат дода, бо мазмуну мароми Наврўз мувофиқат менамояд. Наврўзи хуҷастапай муждаи неки баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дўстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кўшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем. Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ пешниҳод гардида, зебоиҳои Ватани маҳбубамон, сулҳу ваҳдат, Наврӯзи Аҷам васф карда шуд.

(Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд)