Санаи 15 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд, намояндагони васоити ахбори омма ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти иштирок намуданд.
Раиси суд сараввал доир ба фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2023 маълумоти мухтасар манзур намуд. Аз ҷумла, иттиллоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 дар суди иқтисодӣ – 635 парванда ба маблағи 65 269 895,18 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (соли 2022 – 648 парванда ба маблағи 116 474 325 сомонӣ баррасӣ шуда буд, фарқияти камшавӣ 13 ададро ташкил медиҳад). Дар 325 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида, аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 57 145 842,23 сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.
Аз 635 парвандаҳои баррасӣ шуда 57 ададаш аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба рӯёнидани 36 969 736,09 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод шудааст, ки дар 30 ҳолат даъво пурра ва дар 19 ҳолати дигар даъво қисман ба маблағи 33 058 940,88 сомонӣ қонеъ, дар 1 ҳолат бинобар ҳозир нагардидани аризадиҳанда бебаррасӣ, дар 5 ҳолат баррасии парванда бинобар пардохт гардидани маблағи қарз ва даст кашидан аз талаби даъво қатъ карда шуда, дар 2 ҳолат ариза рад карда шудааст.
Давоми соли 2023, 115 парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида, аризаҳо дар 63 ҳолат пурра, дар 5 ҳолат қисман қонеъ, дар 19 маврид аризаҳо бинобар тасдиқи худро наёфтан рад, дар 21 ҳолат бинобар ҳозир нагардидани аризадиҳанда бебаррасӣ ва дар 7 маврид ариза бинобар даст кашидан аз талаби даъво қатъ карда шудааст.
Давоми соли 2023, 87 парвандаҳо вобаста ба баҳсҳои замин баррасӣ гардидааст, ки аз ин шумора аризаҳо дар 38 ҳолат пурра ва дар 8 ҳолат қисман қонеъ, дар 14 ҳолат рад, дар 20 ҳолат бебаррасӣ ва дар 7 ҳолат қатъ карда шудааст.
Дар соли 2023 теъдоди 38 парванда бо даъвои бонкҳо ва даъвои ташкилотҳои қарзии хурд ба маблағи 3 167 437,29 сомонӣ, ки аз ин 4 адад даъвои КВД Бонки Амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошад, баррасӣ шуданд. Аз натиҷаи баррасӣ дар 27 ҳолат даъвоҳои бонкҳо пурра, дар 6 ҳолат қисман, дар 2 ҳолат бинобар беасос ва тасдиқи худро наёфтан рад, дар 2 ҳолат бинобар ба созиш омадани тарафҳо қатъ ва дар 1 ҳолат бебаррасӣ мононда шудааст.
Дар ин давра зимни пешниҳоди даъво 698 739 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шуда, бо ҳалномаҳои судӣ 683 785 сомонӣ маблағи боҷи давлатии рӯёнидашуда шудааст.
Давоми соли 2023 маблағи боҷи давлатии аз рӯи ҳалномаҳои судӣ воқеан иҷрошуда ба 658 415 сомонӣ баробар мебошад.
Давоми соли 2023 маблағи зарари ба манфиати давлат воқеъан иҷрошуда 91 671 178 сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда аз зарари давоми соли 2022 рӯёнидашуда (63 088 431 сомонӣ) ба андозаи 28 582 747 сомонӣ фарқияти зиёдшавӣ дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 635 парвандҳои баррасишуда 116 ададаш дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд.
Давоми соли 2023 тибқи Нақшаи корӣ дар ташкилоту корхонаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аз тарафи судяҳо ва кормандони суди иқтисодӣ 285 вохӯриву баромадҳо баргузор гардиданд.
Дар рӯзномаҳои мухталифи марказӣ ва вилоятӣ 39 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ, маводҳои ҷамъбастӣ, иттилоот ва ғайра ба чоп расонида шудаанд (соли 2022 – 26 адад буд, фарқияти зиёдшавӣ 13 ададро ташкил медиҳад), инчунин дар сомонаи интернетии Суди иқтисодии вилояти Суғд 63 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ ба чоп расонида шудааст. (соли 2022 – 44 адад, фарқияти зиёдшавӣ 19 ададро ташкил медиҳад).
Дар давраи соли 2023, 45 навори мустақили телевизионӣ доир ба фаҳмонидадиҳии ҳуқуқи шаҳрвандон ва қонунҳо ба воситаи телевизиони маҳаллӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди иқтисодӣ пахш гардида, бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди иқтисодӣ 76 баромадҳо ба воситаи радиои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ташкил карда шудаанд.
Гузашта аз ин дар суди иқтисодӣ қабули доимии шаҳрвандон, ки бо арзу шикоятҳо муроҷиат мекунанд, аз ҷумла аз ҷониби роҳбарият дар рӯзҳои шанбе дуруст ба роҳ монда шуда, тибқи Дафтари қабули шаҳрвандон дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзҳои қабул муроҷиати 230 нафар ҳаллу фасл карда шудааст.
Сипас намояндагони васоити ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳабрияти суди иқтисодии вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.
Нишасти матбуоти дар руҳиаи созанда баргузор гардид.