Шанбегӣ дар суд

Posted by

Санаи 10.02.2024 сол бо дастури раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ободу зебо нигоҳ доштани бино ва барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистон дар суд шанбегӣ баргузор гардид.

       Дар шанбегӣ кормандон ба таври дастаҷамъона тагхонаи бино, атрофи бино, боми бино ва ҷуйбори обгузарро аз баргу хазон тоза карданд.

      Ҳамчунин корҳои тозагӣ дар утоқҳои корӣ ва долони бинои суд гузаронида шуд.