Имрӯз 29 декабри соли 2023 аз тарафи судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд ба кормандони дастгоҳи суд туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои модди аз қабили равған, гушт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва макарон расонида шуд.
Иқдоми мазкур ба муносибати соли нави мелодӣ ва зимистонгузаронӣ дар партави иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.