Имрӯз, санаи 28 декабри соли 2023 судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, дастҷамъона тамошо карданд.
Дар Паёми Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баъд аз тамошои Паём бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз силсиламужда, ки аз ҷониби Роҳбари Олии мамлакат ба самъи ҳамватанонамон расонида шуд, истиқбол намуданд.
Дар охир пас аз шунидани суруди миллӣ Раиси суд Мирзозода П.Т. аз нуктаҳои асосии Паём хотиррасон намуда, аз судяҳо ва кормандони дастгоҳ даъват ба амал овард, ки Паёми навбатиро ҳамчун дастури созанда дар фаъолияту кории худ қарор диҳанд.