Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Соли нави мелодӣ.

Posted by
Соли сипаригашта барои Тоҷикистони биҳиштосои мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши худро барои бозҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, дастгириҳои табақаи ниёзманду осебпазири ҷомеа тадбирҳои дахлдор андешида, бунёд ва ба истифода додани иншоотҳои дахлдори иҷтимоӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳо ва мушкилоти аҳолии мамлакат мусоидат намуданд. Инчунин соли 2023 дар самти тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, соли бобарор буд. Зеро дар ин давра, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдому ташаббусҳои мамлакат дастгирӣ ёфта, аз ҷониби варзишгарон ва ҳунармандонӣ кишвар, ки дар мусобиқа ва озмунҳои гуногунӣ байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд ва парчами Тоҷикистон парафшон шуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд”. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки дар соли нави мелодӣ дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи муаррифӣ ва таҳкими нуфузу обрӯи давлатамон ба дастовардҳои нав қадамҳои устувор гузорем. Бо камоли эҳтиром ва як ҷаҳон орузуҳои нек Шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2024 табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, бахту иқболи накӯ ва дар фаъолияти кориатон барору комёбиҳо таманно менамоям. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.