ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Posted by

Имрӯз, 15 ноябри соли 2023 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик” баргузор гардид.

          Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд  Мирзозода П.Т. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида, ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар охири баромад ҳамаи кормандонро ба Рӯзи Президент муборак бод гуфт.

            Сипас судя Давлатзода Т.Ш. дар мавзӯи “Пайдоиши мансаби Президентӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ”, котиби суд Сангов Ш.С. дар мавзӯи “Қадршиносӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат” ва котиби маҷлиси судӣ Раҳимзода А. дар мавзӯи “Президенти мо ифтихори мо”  баромад карданд. Пас аз шунидани баромадҳо иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ аз хизматҳо ва қадрдонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо  Рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони мардуми тоҷик фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуд.