Маҷлиси ҳафтаинаи суд

Posted by

Санаи 31 октябри соли 2023 дар Суди иқтисоди вилояти Суғд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуд.

Дар аввал китоби назорати интизоми меҳнат аз назар гузаронида шуда, оиди риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони суд ва судяҳо таъкид гардид.

Сипас ба судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ дастур доданд, ки ҳангоми таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ ва варақаҳои иҷро ба камбудиҳо роҳ надода, онҳоро бо риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ санҷида ҷобаҷогузории пайдарҳамии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда, парвандаҳоро сари вақт ба шуъбаи коргузорӣ ва назорат супоранд.

Ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияҳои давлатӣ, Барномаҳои давлатӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии намудани ҷавонон ба гуруҳҳои терорризмиву экстромизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла садо, симо, рӯзнома, сомона ва ғайра ҷоннок намоянд.

Дар охир ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз амалҳои коррупсиони худдорӣ намуда,  сидқан вазифаҳои худро иҷро намоянд ва 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври сазовор пешвоз гиранд.