25 сентябри соли 2023 дар назди Театри Камоли Хуҷандӣ​ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор шуд.

Posted by

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сокинони Хуҷанд шаҳрро ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин на танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, балки дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази фарҳангиву ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ машҳур мебошад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳан, вале ҳамешаҷавони Хуҷанд ба макони боз ҳам ободтар ва манзили муроди садҳо ҳазор инсонҳои хушбахт табдил ёфтааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд, ки «Шӯҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шӯҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».

Имрӯзҳо шаҳри Хуҷанд дар чашми муосирон гул мекунад ва ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, маҷмаҳои хизматрасонӣ ва фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ ва гӯшаҳои зебои сайёҳӣ мояи ифтихори на танҳо хуҷандиён, балки тоҷикону тоҷикистониён мебошад.​

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла Матлуба Азимова, Муҳиддин Файзуллоев, Диловар Носиров, Ғафурҷон Ҷӯраев ва Низомҷон Маҳмудов унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.