Забон дар паноҳи давлат аст – Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Раҳмоналӣ

Posted by

Забон барои инсон ва ҷомеа неъмати бебаҳоест, ки ҳамеша, дар ҳар куҷо барои соҳибу соҳибонаш хизмат мекунад. Он беҳтарин воситаи муошират эътироф шудааст ва бо вуҷуди ин қадар пеш рафтани илму техника ва тамаддуни инсонӣ ягон воситаи дигаре наметавонад онро иваз намояд, баръакс, ҳар қадар ҷомеа рушд ёбад, ҷойгоҳи он болотар мешавад.

Забони тоҷикӣ ҳам, ки яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи дунё маҳсуб меёбад, дар масири мавҷудияти худ рушду такомули зиёдеро паси сар кардааст. Зеро он шабеҳи занҷираест, ки замонҳоро ба ҳам мепайвандад.

Воқеан, бо Истиқлолият касб кардани Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба забони давлатӣ бештар гашт, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба эҳтирому посдории он пайваста таъкид намуда, ҳамзамон, ҳидоятҳоеро пайи таҳкими он ба дастандаркорон иршод мефармоянд. Умуман, дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар савияи баланд омӯхтани забони давлатӣ – омили муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили зиндагии шоиста маҳсуб меёбад. Бо талошҳои созандаи Сарвари кишвар забони тоҷикӣ ба арсаи байналмиллалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид садо медиҳад.  Воқеан, ифтихору саодати ҳар як тоҷик аст, ки имрӯз Роҳбари давлат бо забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ сухан мегӯянд ва аз ҳастии давлату миллат ва забони тоҷик муҷда медиҳанд. Маҳз сиёсати наҷибона ба густариши забони давлатӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард.

Азбаски ҷумҳурии мо давлати демократии ҳуқуқбунёд аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷониба ва истифодаи озодонаи забони модарии ҳамаи бошандагон эътибор дода шудааст. Вале дар шароити давлатдории миллӣ зарурияте ба миён меояд, ки ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ забони халқеро, ки номи ҷумҳурӣ ба он алоқаманд асту мақоми давлатӣ гирифтааст, аз худ кунанд.

Ба сатҳи талаботи илму техникаи муосир бардоштани забони тоҷикӣ, ба роҳ мондани технологияи нави соҳаи компютеркунонӣ ва шабакаи интернет, ҳамчунин таъмини таълими фанҳои замонавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии рушди давлат ба шумор меравад.

Таъкид бояд кард, ки саҳми Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати забон ниҳоят бузург аст. Зикри мақоми бузурги забон дар таърихи халқи тоҷик, қонуниятҳои умумии инкишофи забон дар марҳилаи ҳозира , тадбирҳои беҳтар кардани таълими забонҳо ва бисёр масъалаҳои дигар дар гуфтаи зерини Сарвари  давлат равшан ифода ёфтааст: “Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои давлат ва миллат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои  ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад”. Муҳимтарин натиҷаи ташаккули сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон дар суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ифода ёфтааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”. Ҳамасола дар Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар саросари мамлакат тантанаҳои идона баргузор мегарданд. Ин, пеш аз ҳама, ифодагари ҳисси баланди ифтихори миллии халқи тоҷик, баёнгари шукргузории тоҷикон аз истиқлол ва кишвари озоди хеш ва далели қаноатмандии ҳамагонӣ аз мартабаи волои забони модарӣ – тоҷикист. Мо , соҳибзабонон, бо ифтихор садо баланд мекунем:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,                                                                                               

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.