Имрӯз бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад ҷиҳати иҷрои барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шудааст.
Зарурати қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, бармеояд. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Ниёззода С.С. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, қайд намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад. Дар Барнома ҳусусиятҳои фарҳангӣ, таърихӣ, гендерӣ ва паҳлуҳои дигари рушди ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва натиҷаҳое, ки рушди устувори давлатро таъмин менамояд, ба инобат гирифта шудаанд.
Аз соли 2009 дар назди Вазорати адлия махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии “Адлия” бо забонҳои давлатӣ ва русӣ амал менамояд, ки мақсад ва вазифаҳои асосии он таъмин ва дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 амалӣ гардид ва аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030-ро бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа ва рушди илму техникаи муосир таҳия ва қабул кард.
Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Мақсади асосии Барнома ин риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ чораҳои зарурӣ андешанд.