Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷамъомад ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он, баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 2021 таҳти №222 тасдиқ карда шудааст. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар асоси банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 бандҳои 1 ва 2 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ гардида, татбиқи чорабиниҳо аз рӯи он ҷараён дорад.
Аз замони касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.”
Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т.Ш. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, қайд намуд, ки дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсиргузоранд. Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» дар таърихи 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуданд.
Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мафҳумҳои асосӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт пешбинӣ шудаанд. Метавон шарҳи мафҳумҳои зеринро мисол овард: 1) муқовимат ба коррупсия – фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; 2) ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд; 3) хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат дар ҷумҳурӣ ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008 таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, амалӣ карда шуданд.
Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд. Зимнан, муқовимат ба коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда шуда, самаранокии он ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин замина, вазорату идораҳои марбута, ташкилоту муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи рафъи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои муайян роҳандозӣ намуда истодаанд.
Фаъолияти мақомоти судӣ низ дар ин радиф қобили тазаккур мебошад, зеро ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни масъулини мақомоти давлатӣ ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия роҳ дода нашавад ва сабабҳои сарзадани он пешгирӣ карда шаванд.